Рубрики
Web

Мизи мудавар дар ноҳияҳои Спитамен ва Деваштич

Поделиться

Дар асоси нақшаҳои кории лоиҳаҳоиТақвияти муқовимат ба радикализатсия ва расонидани маълумоти бардуруғ дар Осиёи Марказӣ”, портали ягонаи иттилоотию маърифатии “Migrant-Mobile” санаи 16 декабри соли 2020 дар ноҳияи Спитамен чорабинии иттилоотии «Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам!» баргузор гардид, ки дар он 49 нафар иштирок доштанд. Дар семинар мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳияи Спитамен низ ширкат дошт ва пас аз ба охир расидани семинар аз  роҳбарони лоиҳа дархост  намуд, ки оиди гузаронидани мизи мудаввар, вобаста ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии савдои одамон, пешгирии ҳолатои даст задан ба худкушӣ ва дигар масхалаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ки ба ҳар як оила таъсири мусби ва  манфии худро расонида истодааст,  мусоидат намоянд.
Каме пас, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳияи Деваштич – З. Аҳмадзода санаи 18 декабри соли 2020, ки аз амалишавии лоиҳа аз нақшаи кории  Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд шинос буд, бо гузаронидани мизи мудаввар бо масъалаҳои дар боло зикршуда  муроҷиат намуд.

    Пас аз ҳамоҳангсозӣ бо роҳбари кулли  лоиҳа, санаи 23 декабри соли равон дар китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен бо иштироки 30 нафар: муовини раиси ноҳияи Спитамен оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – Дилрабо Раҳимӣ, занони фаъол, раисони Шурои занони маҳаллаҳо, намояндагон аз марказӣ саломатии ноҳия, маориф, шуъбаи ҷавонон ва варзиш, шуъбаи оид ба ҳуқуқи кудак, раиси Шурои занони ноҳияи, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия ва  санаи 24 декабри соли равон  дар толори хурди МИҲД-и ноҳияи  Деваштич бо иштироки муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, кормандони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, раисони кумитаи маҳаллаҳои панҷ  ҷамоати осебпазири ноҳияи Деваштич, субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, раисони Шурои занони ҷамотҳои номбурда, кормандони ҷамоатҳо  мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда ҳамоҳангсози лоиҳа Рафоат Бобоева ва тренери лоиҳа  Махкамбой Каримов баромад намуда ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал доданд.

Маҳсади мизи мудавар:

    Муҳокимаи масъалаҳои маърифати оиладорӣ ва расонидани ёрии аввала дар ҳолатҳои фавқулодда ба оилаҳои осебпазир, ки ба зӯроварии равонӣ, иқтисодӣ, ҷисмонӣ, шаҳвонӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ё омилҳои таҳдиди даст задан ба худкушӣ ба назар мерасад, ҳамчунин таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ба оила, алалхусус ба тарбияи фарзанд, ки дар аксар ҳолатҳо ба дӯши модар, биби, бобо ва дигар хешовандон вогузор шудаасту, аз тарбияи волидайн дур мондаанд, пошхурии олилаҳои ҷавон вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ  иборат буд.

    Мизи мудаввар ба таври озод бо саволу ҷавоб сурат гирифт. Ҳар як иштирокчи аз мушкилиҳои пешомада дар ҷомеа, мавриди пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ ва худкушӣ ва сабабҳои он, таъсири манфӣ ва мусбии муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар натиҷаи  он пошхурии оилаҳо, аз таълим ва тарбия  дур мондани кудакон, таъсири мусбии муҳоҷират ба шароити иқтисодии оила  андешаҳои худро баён намуданд,

    Дар  фарҷоми мизи мудаввар  барои рафъи мушкилиҳо аз ҷониби коршиносон маслиҳатҳои  зарурӣ  дода шуданд.

    Дар мизи мудаввар мавзуҳои зерин баррасӣ гардид:

  1. Мушкилотҳои гуногуни хонавода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Маърифати оиладорӣ ҳамчун омили муҳими пешгирии ҳодисаҳои номатлуб.
  3. Сабабҳои асосии ҳолатҳои зӯроварӣ ва худкушӣ дар оила (ба хусус дар ноҳияҳои Спитамен ва Деваштич) ва роҳҳои пешгирии он.
  4. Нақши мушовири оилавӣ дар пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ ва худкушӣ.
  5. Муҳоҷирати бехатар,  дуруст ва мақсаднок  истифода бурдани технологияҳои нав аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо.

    Ҳамзамон ба иштирокчиён маводи тақсимотӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва муҳоҷирати бехатар тақсим карда шуд. Иштирокчиёни мизи мудаввар дархост намуданд, ки чунин чорабинӣ дар байни ҷавонон низ гузаронида шавад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи Ҳаёт»