Рубрики
Audio

Подкаст #1: “Сабабҳо ва омилҳои пайдоиши муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ”

Поделиться

Мавзӯи аввалини подкасти мо “Сабабҳо ва омилҳои пайдоиши муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ” мебошад, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ, омилҳои он ва манфиати муҳоҷирати меҳнатӣ нақл мекунад. Аслан бояд қайд кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз сарчашмаҳои ҳавасмандгардонии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳам барои давлатҳои қабулкунанда ва ҳам барои давлатҳои содиркунандаи қувваи корӣ мебошад.

Муҳоҷирати аҳолӣ ба тағйироти миқдорӣ ва сифатии пайдоиш ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, навоварӣ, истеҳсолоти нав, воситаҳои нави иртибот ва тағйироти геополитикии хусусияти иҷтимоидошта, дучор мегардад.

Дар барнома ва подкасти Лоиҳаи мо доир ба омилҳои таърихии муҳоҷирати меҳнатӣ, афзалият ва камбудиҳои ин раванди иҷтимоӣ аз ҷониби коршиносон баҳо дода шуд. Ҳамчунин, таърихи муваффақият ва мушкилиҳои чанд муҳоҷир бо зикри далелҳои раднопазир аз забони худи онҳо дар барнома ва подкаст оварда шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар дигар барнома ва подкастҳои мо масъала ва муаммоҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳлил ва баррасӣ карда мешаванд.

Migrant Mobile · Мигрант – Mobile – 01