Рубрики
Audio

Подкаст #5: “Имрӯзи муҳоҷир”

Поделиться

Нашри панчумини подкасти “Имрӯзи муҳоҷир” оид ба қоидаҳои сафар дар вазъи марбута, ки барои бисёре аз муҳоҷирон нофаҳмо боқӣ мемонад омода кардаем. Гарчанде ки Қарори ҳукумати Россия қабул карда шудааст ва дар он гурӯҳи шаҳрвандоне, ки дохилшавии онҳо ба қаламрави Россия иҷозат дода мешавад, муқаррар карда шудааст, мардум то ҳол мекӯшанд бо ҳар роҳ аз сарҳади Россия гузаранд ва дар натиҷа худро ба хатар мегузоранд.
    Дар барнома ва подкасти Лоиҳаи мо доир ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Россия фаъолият мекарданд ва барои шароити хуб сохтан ба муҳоҷират рафта буданд, бекор монданд ва то ҳол пас аз баста шудани сарҳадҳо ва боз доштани роҳи ҳавоӣ ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ гардидааанд аз ҷониби коршиносон баҳо дода мешавад.
    Зикр кардан ба маврид аст, ки дар дигар барнома ва подкастҳои мо масъала ва муаммоҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳлил ва баррасӣ карда мешаванд.