Рубрики
Web

Семинар-машварати якруза дар мавзуи «Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам»

Поделиться

Санаи 15 январи соли 2021 бо ташаббуси ШТРК “Тироз” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Улмасов Хуршед – роҳбари Лоиҳаи портали ягонаи иттилоотию маърифатии “Migrant – Mobile” , Бобоева Рафоат – ҳамоҳангсози Лоиҳа, Муродов Диловар – сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд, тренерони семинар – Маҳкамбой Каримов ва Бахтиер Абдучаборов,
муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзоёни оилаи онҳо, фаъолон, намояндагони бахши кор бо занон ва оила, шӯъбаи муҳоҷират, агентии шуғли аҳолӣ, Маркази ташаккули ҳаёти солим, Маркази ВМНО, рузномаи маҳаллии «Иқбол» семинари якрӯза таҳти унвони “Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам” баргузор гардид.
Мақсади семинар дар баробари омӯзиши масъалаҳои муҳими муҳоҷират, пешгирии савдои одамон, мусоидат ба таъмини муҳоҷирати бехатар, инчунин бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии фаврӣ ба манбаи иттилоотӣ, барои ҳалли мушкилоти мубрами муҳоҷирон, хусусан дар давраи бӯҳронӣ (Covid-19), ташкили сомонаи “Портали маърифатӣ иттилоотии Migrant- Mobile” ва дигар масъалаҳо иборат буд.

Семинар бо сухани муқаддимавӣ оғоз гардид. Сипас ҳар як иштирокчӣ худро муаррифӣ намуда, дараҷаи ҳарорати табъи худро баён намуданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки хоҳишмандон барои иштирок дар семинар тақрибан 60 нафар буданд. Бо назардошти имконият ва риояи талаботҳои беҳдоштӣ ва санитарӣ ба 15 нафари онҳо ҷавоб дода шуд. Шумораи иштирокчиёни семинар 42 нафар буда, аз онҳо 23 нафар мард, 19 нафар занонро ташкил кард. Тақрибан 80 фисади иштирокчён дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд, аз оилаи ҳамаи иштирокчиён 1-2 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд ва айни ҳол дар муҳоҷират қарор доранд.
Баъди навиштани интизориҳо ва муайян намудани қоидаҳои семинар ҳамаи иштирокчиён пурсишномаро пур карда, баъдан ба саволҳои гузошташуда посух гуфтанд. Тренерон
барои омӯзиш мавзӯҳои “Донистани кадом маълумотҳо барои муҳоҷири меҳнатӣ муҳим аст”,
“Кадом ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд дорад”, “Кадом санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии маҳаллӣ ва байналхалқӣ раванди муҳоҷирати меҳнатиро танзим мекунанд”, “Талаботҳои умумии бехатарӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ” (Covid-19), “Роҳҳои пешгирии хариду фурӯши одамон ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Таъмини муҳоҷирати бехатар дар дохил ва хориҷи кишвар”-ро пешниҳод намуданд ва ба саволҳои ҳозирин посух гуфтанд.

Дар рафти омузиш саҳначаҳо вобаста ба иттилоотноки муҳоҷирон, воқиф будани онҳо аз ҳолатҳои муҳоҷирати номуназзам ва истифодаи механизмҳои муҳоҷирати қонунӣ, чи дар дохили кишвар ва берун аз он, намоиш дода шуданд. Дар саҳначаҳое, ки аз ҳаёти воқеи буданд, иштирокчиён лаҳзаҳо намоиш доданд, ки хеле бо ҳиссиёти баланд қабул шуданд ва роҳи ҳалли онро худи иштирокчиён бо машварати тренерон ва коршиносон дарёфт карданд.
Ҳар як мавзуъҳои зикргардида бо фикру андешаҳои мутахассион аз Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилоят Суғд пурра гардида, иқтибосҳо аз қонунгузории Тоҷикистон оварда шуданд. Аз ҷумла, ҳамкории судманди субъектҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ оиди пешгирии муҳоҷирати хатарнок, савдои одамон зикр гардид ва рафти иҷроиши нақшаи миллӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва дигар барномаҳои давлати, оиди муҳоҷират, ёдовар гардид.
Инчунин, аз ҷониби намояндагони лоиҳа барои иштирокчиён вобаста ба ташкили сомонаи Портали ягонаи иттилоотию маърифатии “Migrant – Mobile”
машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуда, дар бораи зеркашӣ ва насб кардани замима, малакаҳои гирифтан ва паҳн намудани маълумот, пешниҳоди саволҳо ва ғайра андешаҳо баён гардид.
Мавзӯҳои семинар бо тарзи саволу ҷавоб, усули интерактивӣ, намоиши видеомаводҳо, гузаронидани мини-лексия, кор дар гурӯҳҳо ва иҷрои саҳначаҳо вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ гузаронида шуд, ки ба иштирокчиён хеле писанд омад ва дар оянда барои таъмини муҳоҷирати бехатар мусоидат мекунад.

Таҳлили интизориҳои иштирокчиён дар пурсиши то семинари аз сабаби таҷрибаи кофӣ надоштан оиди пур кардан ва иброз карда натавонистани фикри худ, маълумотҳо саҳеҳ буданд.

     Натиҷаи пурсиши ниҳоӣ нишон дод, ки  кариб 95% иштирокчиён иброз намуданд, ки донишашон оиди малакаи рафтор пеш аз сафар, огоҳӣ аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ҳамчун кишвари қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд гардидааст. Аксари ширкаткунандагон баргузории семинарро муҳим арзёбӣ намуда ба манфиати кор донистанд. 

Ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт”