Санаи 15 январи соли 2021 бо ташаббуси ШТРР “Тироз” дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Чашмаи ҳаёт”дар маҷмааи «Аниса»-иноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзоёни оилаи онҳо, фаъолон, намояндагони бахши кор бозанон ва оила, шӯъбаи муҳоҷират дар доираи силсила семинарҳо таҳти унвони“Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам”, семинари як рӯза баргузор гардид.
Хотиррасон мекунем, ки семинари аввал дар ноҳияи Спитамен, санаи 16 декабри соли 2020 гузаронида шуда буд.
Мақсади семинар дар баробари омӯзиши масъалаҳои муҳими муҳоҷират, пешгирии савдои одамон, мусоидат ба таъмини муҳоҷирати бехатар, инчунин бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии фаврӣ ба манбаи иттилоотӣ, барои ҳалли мушкилоти мубрами муҳоҷирон ташкили сомонаи “Портали маърифатц иттилоотии Migrant – Mobile” ва дигар масъалаҳо иборат буд.
Дар семинар зиёда аз 50 нафар иштирокчиён ширкат намуда, аксарият дар раванди саволу ҷавоб ва муҳокимаи мавзӯҳо хеле фаъол буданд. Тренерони семинар барои омӯзиш мавзӯҳои “Донистани кадом маълумотҳо барои муҳоҷири меҳнати муҳим аст?”, “Кадом ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд дорад?”, “Кадом санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии маҳаллӣ ва байналхалқӣ раванди муҳоҷирати меҳнатиро танзим мекунанд”, “Талаботҳои умумии бехатарӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ” (COVID-19), “Роҳҳои пешгирии хариду фурӯши одамон ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Таъмини муҳоҷирати бехатар дар дохил ва хориҷи кишвар”-ро пешниҳод намуданд ва ба саволҳои ҳозирин посух доданд.
Инчунин, аз ҷониби намояндагони лоиҳа барои иштирокчиён вобаста ба ташкили сомонаи “Портали маърифатц иттилоотии Migrant – Mobile” машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуда, дар бораи зеркашӣ ва насб кардани замимаи мобилц, малакаҳои гирифтан ва паҳн кардани маълумот, пешниҳоди саволҳо ва ғайра андешаҳо баён гардид,ки ба иштирокчиён хеле писанд омад ва дар оянда барои таъмини муҳоҷирати бехатар мусоидат мекунад.
Ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт”