Рубрики
Все актуальное

Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Россия дар соли 2021

Поделиться

    Дар бисёре аз манотиқи Россия шохиси минтақавӣ бетағйир монд, ки дар натиҷа нархи патент хеле ночиз боло рафт.
    Мақомоти Россия мегӯянд, қайди иқомати муҳоҷирон дар Россия қариб ду баробар коҳиш ёфта,  теъдоди иҷозатномаҳои кору патентҳо ба андозаи сеяк кам шуд. Нархи патент барои соли оянда дар аксари минтақаҳои Россия хеле кам тағйир меёбад. Доштани патент– яке аз шартҳои ҳатмӣ барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар ҳудуди Россия мебошад. 
    Баландтарин нархҳои патент дар ҷумҳурии Саха, ҳавзаи Ямало-Ненетск, Кабардино-Балкар, вилояти Магадан, минтақаи Приморие ва ҷумҳурии Хакасия ба қайд гирифта шуд.
    Пасттарин нархи патент дар Чеченистон, Олтой, Осетияи Шимолӣ,  Калмикия ва вилояти Астрахан ба қайд гирифта шудааст.
    Дар мавриди он ки чӣ гуна нархи патентро дар ҳар минтақаи Россия ҳисоб мекунанд, дар кадом минтақа чӣ қадар нарх дорад, дар куҷо соли оянда боло рафтаасту дар куҷо поён шумо метавонед, дар тасвирбаён пайдо кунед.

Манбаъ:  Sputnik Тоҷикистон