Categories
Хабарҳо

Қоидаҳои нави вуруд ба қаламрави Туркия ҷорӣ шудаанд

Поделиться

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2021 ҳафтае ду маротиба парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе ба роҳ мемонад, ба диққати мусофирон мерасонад, ки қоидаҳои нави вуруд ба қаламрави Туркия ҷорӣ шудаанд, ки мутобиқи он кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
    Пеш аз нишаст ба ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд. Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, ки аз 30-юми декабри соли 2020 то 1-уми марти 2021 амал хоҳанд кард, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби лабораторияи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ гирифта шуда бошад. Ашхоси мубталои вируси СOVID-19 ва шахсоне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба онро надоранд ба парвоз роҳ дода намешаванд.
    Ёдовар мешавем, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус (COVID-19) ҷавобгарии чиноятӣ пешбинӣ шудааст.
    Ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши нишонаҳои коронавирус гузаранд. Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад, ё ин ки маълумотномаи натиҷаи манфии ПСР-тестро пешниҳод карда наметавонанд, давоми 7 рӯз дар макони дар анкета дарҷшуда ба карантин гирифта мешаванд. Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад. Дар ҳолати муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус (натиҷаи мусбат додани ПСР-тести COVID-19) пас аз 7 рӯзи карантин мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегирад. Аз ин лиҳоз ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.
    Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур аст. Ба шаҳрвандони Туркия иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим нест.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»