Categories
Хабарҳо

Қоидаҳои нави вуруд барои муҳоҷирон

Поделиться

Талоши роҳандозии ҳаракат тавассути масири заминӣ дар пайи норасоии шадиди қувваи корӣ дар Россия сурат мегирад. Муҳоҷирон метавонанд на танҳо тавассути ҳавопаймо, балки тавассути роҳи оҳан ба Россия расанд, гуфт муовини сарвазир, Марат Хуснуллин.

“Мо кӯшиш менамоем, ки тавозуни манфиатҳоро пайдо кунем ва ба мувофиқа расидем, ки механизми ҳамоҳангсозӣ ва ворид кардани нерӯи кориро аз ҷониби ширкатҳои калон сода мекунем. Ба низомнома тағйирот ворид карда шуд”, – гуфт ӯ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.

Ҳамзамон, вай афзуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус муҳоҷирон ҳатман барои мавҷудияти COVID-19 озмоиш хоҳанд шуд.

“Ҳоло танҳо бо ҳавопаймо омада метавонанд, мо имкони омаданро тавассути роҳи оҳан баррасӣ кардем, яъне ин иловагӣ хоҳад буд”, – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Россия норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳо тақрибан миллион нафарро ташкил медиҳад ва вазъро фалокатбор номид. Аз ин сабаб, нархи захираҳои меҳнатӣ дар Россия 50-100% афзудааст.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com