Categories
Хабарҳо

Қонунӣ шудани ҳамаи муҳоҷирон

Поделиться

Пеш аз фармони президент Владимир Путин, 15 июн мӯҳлати охирин барои қонунигардонии муҳоҷирон дар Россия буд. Пас аз қабули санад, хориҷиён барои ин кор се моҳи дигарро доранд

Дар Россия, бинобар пандемияи COVID-19, будубоши муваққатии муҳоҷирон то 30 сентябр тамдид карда шуд. Чунин фармонро президенти Россия Владимир Путин имзо тасвиб кард.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Россия, дар нимаи моҳи апрели соли равон беш аз як миллион муҳоҷирон аз ИДМ дар қаламрави Россия ғайриқонунӣ буданд.

“Қонунӣ шудани ҳамаи муҳоҷирон то 30 сентябр, аз кори сохторҳои махсус вобаста аст. Қаблан муҳоҷирон барои гирифтани ҳуҷҷатҳо дар навбатҳои азим меистоданд. Ба андешаи ман, агар кори хуби ҳамоҳангшуда ташкил карда шавад, се моҳ кофист”, – гуфт раиси маркази фарҳангии тоҷикон Хуршеда Ҳамроқулова.

“Бо ҳама ҳаяҷон дар марказҳои муҳоҷират, интизор мерафт, ки на ҳама барои қонунигардонӣ вақт пайдо мекунанд. Тибқи ҳисобҳои тахминии мо, то 15 июн беш аз 500 ҳазор шаҳрвандон тавонистанд мақоми худро қонунӣ кунанд”, – қайд мекунад Абдусаттор Эсоев, мудири Бюрои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Москва.

Пеш аз фармони Владимир Путин, 15 июн мӯҳлати охирини қонунигардонии хориҷиён буд.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com