Categories
Хабарҳо

Ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд то 15 июн Россияро тарк кунанд

Поделиться

Пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Россия аз кишварҳои ИДМ, оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандонашон, ки дар қаламрави Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, то кор ба ҷавобгарию ихроҷи маҷбурияшон наравад.

     Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Россия Александр Горовой, ба кишварҳои ИДМ пешниҳод кард, ки бо шаҳрвандонашон, ки ғайриқонунӣ дар Россия қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. “Бисёре аз шаҳрвандони хориҷи, дар қаламрави Россия ғайриқонунӣ қарор доранд. Агар мо бо шумо ин теъдодро то 15 июн бартараф насозем, ҳамон тавре, ки дар фармони президент пешбинӣ шудааст, ин шаҳрвандон метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванду кор то ихроҷу бастани марзҳо меравад. Бисёр мехоҳам, шумо дар кишварҳои худ тариқи расонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед”, – изҳор дошт ӯ.

     Манбаъ дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки дар  ҳудуди Россия 1 миллион шаҳрвандони хориҷи ғайриқонунӣ қарор доранд.

     Айни ҳол дар Россия ҳудуди 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ қарор доранд. Инчунин, дар қаламрави Россия 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 115 ҳазор аз Қирғизистон, 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ва 152 ҳазор аз Украина ғайриқонунӣ қарор доранд.

     Қаблан, дар асоси фармони Президенти Россия муҳлати санадҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар то 15 июни 2021 тамдид карда шуда, татбиқи ҷазо барои нақзи қоидаҳои будубош мутаваққиф гардид. Инчунин муқаррароте мавриди амал қарор мегирад, ки мувофиқи он муҳоҷирон метавонанд патентро бидуни убури марзи кишвар тамдид кунанд.

Дар асоси маводҳои ТАСС