Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ МЕҲНАТӢ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Муҳоҷирон метавонанд бо поймол кардани ҳуқуқҳои меҳнатии худ аз тарафи корфармоёни бевиҷдон рӯ ба рӯ шаванд. Одатан, инҳо кор бидуни шартномаи меҳнатӣ, таъхир ва напардохтани музди меҳнат, ҷаримаҳои ғайриқонунӣ ва аз кор озод кардан мебошанд.

Дар чунин ҳолатҳо муҳим аст, то бидонед, ки қонун тарафдори муҳоҷири меҳнатӣ аст. Мувофиқи моддаи 3-и Кодекси меҳнатии ФР, ҳама барои истифодаи ҳуқуқҳои меҳнатӣ имконияти баробар доранд, табъиз нисбати шаҳрвандон аз сабаби мансубияти нажодӣ, қавмӣ, миллӣ ва иҷтимоӣ манъ аст.

Ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми бо кор таъминшавӣ

Тибқи моддаи 67 Кодекси меҳнатии ФР, корфармо бояд ба корманд нусхаи шартномаи меҳнатиро диҳад. Шартномаи меҳнатӣ бо корманд бояд на дертар аз 3 рӯзи қабул ба кор дар шакли хаттӣ баста шавад. Муносибатҳои меҳнатӣ дар ин маврид аз лаҳзаи воқеан ба кор қабул кардани муҳоҷир оғоз меёбад.

Мувофиқи моддаи 66 Кодекси меҳнатии ФР, корфармо ӯҳдадор аст дафтарчаи меҳнатӣ барои ҳар як корманде, ки дар давоми 5 рӯз бо ӯ кор кардааст, нигоҳ дорад.

Тибқи моддаи 68 Кодекси меҳнатии ФР, қабул ба кор бо фармони корфармо амалӣ карда мешавад. Корманд барои гирифтани нусхаи фармон оиди қабул ба кор ҳуқуқ дорад.

Тибқи моддаи 67.1 Кодекси меҳнатии ФР, корфармо вазифадор аст, ки ба корманд соатҳои воқеии коркарда ё корҳои иҷрошударо пардохт кунад, ҳатто агар ӯ ба кор бидуни ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ қабул шуда бо- шад.

Муҳофизат аз меҳнати қарзӣ (аутсорсингӣ) бидуни бақайдгирии муноси- батҳои меҳнатӣ

Тибқи моддаи 56.1 Кодекси меҳнатии ФР, меҳнати қарзӣ (фиристодани корман- дон ба ташкилотҳои дигар аз ҷониби корфармо бидуни ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ) манъ аст. Танҳо ширкатҳое, ки ба сифати оҷонсиҳои ху- сусии шуғл ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд коргарони худро ба дигар ташкилотҳо, ё шахсони алоҳида пешкаш кунанд, аммо онҳо вазифадоранд:

  • дар шартномаи меҳнатӣ бо коргари хориҷӣ имконияти бо шахси сеюм кор карданро, нишон диҳанд;
  • дар ҳолатҳое, ки ӯ ба кор ба шахси сеюм фиристода мешавад, бо корманд шартномаи иловагӣ банданд.

Муҳофизат аз ғайриқонунӣ аз кор озод намудани корманд

Мувофиқи моддаи 76 КМ ФР, аз кор озод кардани корманд бидуни шарҳи са- бабҳои аз кор хориҷ кардани корманд мумкин нест. Озод кардан аз кор бо тартиб додани санад дар бораи дур кардан аз кор бо нишон додани сабаби чунин озод- кунӣ анҷом дода мешавад ва бо фармони озодкунӣ аз кор тасдиқ карда мешавад. Ғайр аз ин, дур кардан аз кор наметавонад сабаби напардохтани музди меҳнат, ба корманд барои давраи гузаштаи кор, шавад.

Тибқи моддаи 84.1 КМ ФР, мод. 140 КМ ФР, ҳангоми қатъи шартномаи меҳнатӣ корфармо вазифадор аст, ки ба корманд дар рӯзи аз кор озод шудан, ё дар рӯзи оянда пас аз гирифтани дархост оид ба пардохти қарз, тамоми маблағи ба ӯ тааллуқдоштаро пардозад. Аз кор озод кардани корманд ҳатман бо баровар- дани фармон дар бораи аз кор озод кардан, додани нусхаи фармон дар бораи аз кор озод кардан ба корманд ва баргардонидани дафтарчаи меҳнатӣ бо сабти аз кор озод шудан амалӣ карда мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар сурати сари вақт напардохтани музди меҳнат

Тибқи қисми 2, мод. 142-и КМ ФР дар сурати ба таъхир андохтани пардохти музди кор ба мӯҳлати зиёда аз 15 рӯз, корманд ҳуқуқ дорад корро дар тӯли тамоми давраи кор то лаҳзаи пардохти мӯҳлати таъхир боздорад, бо пешакӣ огоҳ кардани корфармо дар шакли хаттӣ.

Тибқи моддаи 142 КМ ФР корфармо, ё намояндагони корфармо, дар ҳолати ба таъхир андохтани пардохти музди меҳнати кормандон ва дигар вайронкуниҳои музди меҳнат, ҷавобгар мебошанд.

Мувофиқи моддаи 236 КМ ФР, дар ҳолати аз ҷониби корфармо риоя накарда- ни мӯҳлати пардохти музди меҳнат, пардохти рухсатии меҳнатӣ, пардохтҳои аз кор озодкунӣ ва (ё) дигар пардохтҳои ба корманд тааллуқдошта, корфармо бояд онҳоро бо фоизҳо (ҷуброни пулӣ) пардохт кунад.

Муҳофизат аз ҷаримаҳои ғайриқонунӣ

Тибқи моддаи 192 КМ ФР, барои риоя накардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ аз ҷо- ниби корманд, корфармо ҳуқуқ дорад ӯро танбеҳ диҳад, маломат кунад, ё бо тартиби муқарраргардида аз кор озод кунад. Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ҷарима пешбинӣ нашудааст ва онҳо ғайриқонунӣ мебошанд.

Мутобиқи моддаи 352 КМ ФР, ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнатии худро бо тамоми воситаҳое, ки қонун манъ накардааст, ҳифз кунад.

Роҳҳои асосии ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ инҳоянд:

  • Худмуҳофизакунии ҳуқуқҳои меҳнатӣ аз ҷониби кормандон – корманд ҳақ дорад ҳуқуқҳои худро мустақилона бо тартиби баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳимоя кунад. Мутобиқи моддаи 380 КМ ФР, корфармо ва намояндагони корфармо ҳақ надоранд ба кормандон барои худмуҳофизакунии ҳуқуқҳои меҳнатиашон монеъ шаванд, ва онҳоро дар вақти баррасии баҳси меҳнатӣ аз кор озод кунанд.

Мувофиқи м. 62 КМ ФР, корманд ҳуқуқ дорад аз корфармо нусхаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба меҳнатро талаб кунад (шартномаи меҳнатӣ, фармонҳо, созишномаҳои иловагӣ, варақаҳои ҳисоббаробаркунӣ ва ғайра). Корфармо бояд ба корманд нус- хаҳои мазкурро дар давоми 3 рӯзи корӣ пас аз гирифтани ариза дар бораи додани нусхаи ҳуҷҷатҳо диҳад;

  • Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии кормандон аз ҷониби ит- тифоқҳои касаба – корманд ҳақ дорад, ки ба иттифоқ дохил шавад ва дар ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии худ аз дастгирии он истифода барад;
  • Назорат ва идоракунии давлатӣ аз болои риояи қонунгузории меҳнатӣ – тибқи моддаҳои 353, 356 КМ ФР, назорат аз болои риояи қонунгузории меҳнат ба зим- маи Нозироти давлатии меҳнат ва Прокуратура гузошта шудааст. Дар сурати вай- рон кардани тартиби бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ, шӯъбаи мин- тақавии Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россия корфарморо метавонад ба ҷавобгарӣ кашад. Дар сурати напардохтани музди кор дар давоми ду моҳ, ё зиёд- тар, Шумо метавонед ба Шӯъбаи тафтишотии Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Россия муроҷиат намоед: таъхири дурударози пардохти музди меҳнат амали ҷиноятӣ мебошад (моддаи 145.1 КҶ-и ФР);
  • Ҳимояи судӣ – тибқи моддаи 392 КМ ФР, корманд ҳуқуқ дорад дар давоми  3 моҳ пас аз рӯзи фаҳмидани вайрон шудани ҳуқуқҳояш ба суд муроҷиат кунад, инчунин оид ба баҳсҳои дар бораи аз кор озод кардан дар давоми 1 моҳ пас аз рӯзи ба ӯ супоридани нусхаи фармон дар бораи аз кор озод кардан, ё аз рӯзи супоридани дафтарчаи меҳнатӣ. Дар ҳолате, ки агар қарз камтар аз 50 ҳазор рубл бошад – бояд ба суди умумӣ муроҷиат кард, агар зиёдтар бошад – ба суди ноҳи- явии маҳалли ҷойгиршавии корфармо, ё маҳалли зисти муҳоҷир.

Агар Шумо бо сабабҳои узрнок мӯҳлатҳои ба суд муроҷиаткуниро аз даст диҳед, онҳо метавонанд аз ҷониби суд барқарор карда шаванд.

Ҳангоми муроҷиат ба суд бо ариза барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, кормандон аз пардохти боҷҳо ва хароҷоти судӣ озод карда мешаванд.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Донистани ҳуқуқҳои меҳнатии худ ва омодагӣ ба ҳимояи онҳо ин кафолати асосии риояи вазифаҳои худ аз ҷониби корфармо мебошад. Ба муҳоҷир барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ маслиҳат медиҳем, ки:

  • ҳатман шартномаи меҳнатӣ баста шавад;
  • дафтарчаи корӣ нигоҳ дошта шавад – дар он қайд кунед, ки кадом корҳо аз ҷониби Шумо амалӣ карда шудаанд, кай ва дар кадом андоза музди меҳнат гирифта шудааст;
  • дар даст иқтибосҳо, варақаҳои ҳисоббаробаркунӣ, иҷозатнома, нусхаи китобҳои баҳисобгирӣ, ҷадвали вақти корӣ, ҳисобнома-фактураҳо барои гирифтани молҳо, либоси корӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба корро дошта бошад;
  • ному насаб, маълумоти тамосии ҳамкорон ва роҳбарони корҳоро дар хотир дошта бошад, ки далели шуғл ва андозаи музди меҳнатро тасдиқ карда метавонанд;
  • дар ҳолатҳои вазнин ва гуфтушунид бо корфармо сабтҳои овозӣ ва видеоии гуфтушунидҳо амалӣ карда шаванд, мукотиба бо намояндагони корфармо нигоҳ дошта шавад ва аз ҷои кор акс дошта бошад.

Дар мавриди шуғли расмӣ мутобиқи моддаи 3.60.1, Нозироти давлатии меҳнат метавонад корфарморо маҷбур кунад, ки қарзи музди меҳнатро пардохт кунад. Барои ин Шумо бояд ариза дар бораи напардохтани музди меҳнат бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ба Нозироти давлатии меҳнат (НДМ) дар минтақаи худ пешниҳод кунед. Пас аз санҷиш дар давоми 30 рӯз, нозирони НДМ ба ширкат дар бораи зарурати пардохти қарзи музди меҳнат бо ишора намудани мӯҳлати мушаххас ва бо огоҳинома оид ба имкони қабули қарор дар бораи маҷбуран ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои ширкат амрнома медиҳанд. Агар амрнома иҷро карда нашавад, нозир дар бораи маҷбуран иҷро кардани ӯҳдадории корфармо оид ба пардохти қарзи музди меҳнати ҳисобкардашуда вале сари вақт пардохтнашуда ва дигар пардохтҳо (мукофотпулӣ, маблағи рухсатии меҳнатӣ ва ғайра) қарор қабул мекунад.

Дар сурати ба таъхир андохтани пардохти музди меҳнат тавсия медиҳем, ки:

  • дар сурати ба таъхир афтодани музди меҳнат зиёда аз 15 рӯз – Шумо ҳуқуқ доред, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 142 КМ ФР ба корфармо аризаи хаттӣ оид ба боздоштани кор бо сабаби напардохтани музди кор пешниҳод кунед.
  • оид ба додани нусхаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба кор бо аризаи хаттӣ ба кор- фармо муроҷиат намоед, бо тартиби моддаи 62 КМ ФР – аз ҷумла варақаҳои ҳисоббаробаркунӣ.
  • агар дар давоми 3 рӯзи корӣ Шумо нусхаи ҳуҷҷатҳоро нагиред, аз болои корфармо ба Нозироти давлатии меҳнатӣ ариза нависед.
  • ба корфармо бо даъво оид ба пардохти қарзи музди меҳнат муроҷиат кунед. Даъво метавонад коллективӣ бошад. Ҳангоми баррасии даъво корфармо ҳуқуқ надорад, ки Шуморо аз кор озод кунад.

Ҳангоми пешниҳоди ариза муҳим аст, ки нусхаи ариза бо имзо, ё мӯҳри корфармо оид ба санаи қабули аризаро дар даст дошта бошед.

Агар корфармо ба даъво ҷавоб надиҳад, ба прокуратура, ё суд шикоят кар- дан зарур аст. Мутобиқи қисми 1 мод. 45 Кодекси мурофиавии граждании ФР, прокуратура ҳуқуқ дорад ба суд ба манфиати кормандоне, ки ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо поймол карда шудаанд, муроҷиат кунад, инчунин корфарморо тафтиш кунад ва ӯро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад.

Мувофиқи мод. 5.27. КҲМ ФР, барои ҳар як вайронкунии қонунгузории меҳнат, аз ҷумла қабул кардан ба кор бидуни шартномаи меҳнатӣ, напардох- тани музди меҳнат, ё вайронкунӣ ҳангоми ба расмият даровардани шартно- маи меҳнатӣ, корфармо метавонад ба маблағи аз 30 то 70 ҳазор рубл ҷарима карда шавад.

Муроҷиатҳои коллективӣ ва аризаҳо нисбат ба муроҷиатҳои як нафар самараноктар мебошанд. Дар бораи поймолкунии оммавии ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон бояд мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро, дар маҳалли ҷойгиршавии корфармо, огоҳ кунед.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аъзоёни иттифоқҳои касаба буда метавонанд – ин имкониятро истифода баред ва якҷоя ҳуқуқҳои меҳнатиро ҳимоя кунед. Корфармо инчунин вазифадор аст, ки қонунгузории ҳифзи меҳнатро риоя кунад – агар шароити кор дар ҷои кори Шумо ба ҳаёт ва саломатӣ хатарнок бошад, зарур аст, ки кор боздошта шавад ва фавран ба Кумитаи тафтишотӣ

шикоят карда шавад.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • «Кодекси меҳнатии Федератсияи Россия» аз 30.12.2001 № 197-ҚФ;
    • «Кодекси мурофиаи граждании Федератсияи Россия» аз 14.11.2002 № 138- ҚФ;
    • Қонуни федералӣ аз 17.01.1992 № 2202-1 «Дар бораи прокуратураи Федерат- сияи Россия»;
    • «Кодекси Федератсияи Россия дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» аз 30.12.2001 № 195-ҚФ;
    • «Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия», ки аз 13.06.1996 № 63-ҚФМАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА

МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Маълумотҳои тамосии Нозироти давлатии меҳнат дар минтақаҳои Россияhttps://rostrud.gov.ru/ inspections/
Хизматрасонии электронии Хадамоти федералии меҳнат ва шуғл (бо имконияти ирсоли дархост дар барои вайрон кардани ҳуқуқҳои меҳнатӣ)  https://онлайнинспекция.рф/
Сомонаи расмии Сарраёсати масоили муҳоҷи- рати ВКД-и Россияhttps://мвд.рф/mvd/structure1/ Glavnie_upravlenija/guvm
Қабулгоҳи интернетии Прокуратураи ФРhttps://ipriem.genproc.gov.ru/ contacts/ipriem/
Сомонаи расмии Кумитаи тафтишотии ФР бо имконияти фиристодани муроҷиатҳои интернетӣhttps://sledcom.ru/#reception
Портали интернетии системаи давлатии авто- матикунонидашудаи «Правосудие» (Адолат): Маълумоти тамосии судҳо дар минтақаҳои ФР  https://sudrf.ru/
Маълумоти тамосии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки ба муҳоҷир дар ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ кӯмак карда метавонанд, дар қисмати сомонаиwww.migrussia.ru (дар минтақаи дахлдор пайдо кардан мумкин аст)
Дар барномаи барои Android «МигрАзия+» дар қисмати «Ҳуҷҷатҳо» Шумо метавонед варақаҳои ариза оид ба додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо, даъвоҳо ба корфармо ва аризаҳо ба Назорати давлатии меҳнат дарёфт ва пур кунед    МигрАзия+