Categories
Хабарҳо

Ҳузуратонро дар Русия то 30 сентябр расмӣ намоед!

Поделиться

Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки ҳузурашонро дар ин кишвар то 30 сентябр қонунӣ кунанд, то ки аз Русия ихроҷ нашаванд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират дар як изҳороте таъкид доштааст, ки имрӯзҳо ҷараёни расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ дар Русия идома дорад.

Манбаъ таъкид доштааст, ки расмикунонӣ дар қаламрави Русия то санаи 30 сентябри соли равон идома меёбад.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва натавонистанд, ки маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи 30 сентябри соли 2021 метавонанд ба шӯъбаҳои кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубораи ба мақомотҳои марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд” – таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон, гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, ҳамчунин имкон доранд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони Президенти Русия “Дар бораи чораҳои муввақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Русия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дорад.

Пас аз 30 сентябри соли равон шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд аз ин кишвар ихроҷ карда мешавад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия таъкид карданд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ барои расмикунонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба намояндагиҳои вазорати меҳнат дар минтақаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд.

Манбаъ: sputnik-tj.com