Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться

Таҳти раёсати Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он масъалаҳои «Таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ бо китобҳои дарсӣ» ва «Гузориши роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия» мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирифт.

     Дар кори ҷаласа Ҳайати мушовараи Вазорат, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва директорони муассисаҳои таълимии литсейҳои касбии техникӣ иштирок намуда, ҳамчунини кормандони Намояндагӣ дар Федератсияи Россия низ аз тариқи видео-конференсия иштирок намуданд.

     Зимни ҷаласаи Ҳайати мушовара зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои коргарӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд, ки ин моро вазифадор менамояд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси бозори меҳнат, таҳияи дастурҳои методӣ ва китобҳои муосири ихтисосӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои муосир ва рақобатпазир дар бозори меҳнат тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намоем.

    Таъкид гардид, ки масъалаи таъмин намудани хонандагон бо китоҳои тахассусӣ яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти литсейҳои касбӣ ба шумор рафта, таъмини саривақтӣ ва таҳияи муосиртарин барномаҳои таълимӣ барои ташаккул ва омодасозии кадрҳои коргарӣ муосидат менамояд.

    Доир ба масъалаи дуюм гузориши роҳбари Намояндагӣ дар Федератсияи Россия шунида шуда, қайд гардид, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар хориҷ бояд намояндагӣ тамоми талошҳоро роҳандозӣ намуда, корҳои иттилоотию таблиѓотӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимоят аз фарҳангу забон ва анъанаҳои неки ватандорӣ ҷоннок карда шаванд.

Дар асоси маводҳои
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон