Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУҲОҶИРАТ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

    Барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ФР ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

 Масъулияти маъмурӣ

 Агар ҳангоми дар қаламрави ш. Москва, вилояти Москва, ш. Санкт-Петербург ва ё вилояти Ленинград будан, шаҳрванди ҶТ:

  • огоҳинома дар бораи баҳисобгирии (бақайдгирии) муҳоҷират тартиб надода бошад;
  • ҳангоми боздошт аз ҷониби полис ҳуҷҷатҳои дар қонунгузории муҳоҷирати Россия зарурро надоштааст;
  • дар корти муҳоҷират мақсади вуруди бардурӯғро ишора карда бошад;
  • бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ кор карда бошад, ё на дар ихтисоси дар патент қайдшуда;
  • ҳангоми баҳисобгирии муҳоҷират маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда бошад, ӯ ба маблағи 5000-7000 рубл ҷарима карда мешавад, бо эҳтимолан хориҷ карда шудан аз ФР (мутобиқи муқаррароти моддаи 18.8 қисми 3, моддаи 18.10 қисми 2, моддаи 19.27 қисми 3 КҲМ ФР).

 Дар қаламрави дигар минтақаҳои ФР, айнан ҳамон қонуншиканӣ бо ҷарима аз 2000 то 5000 рубл ҷазо дода мешавад, дар сурати такрори онҳо, суд дар бораи хориҷ кардан аз ФР қарор қабул мекунад (мутобиқи муқаррароти моддаҳои 18.8, 18.10, моддаи 19.27 КҲМ ФР).

 Ҷавобгарии ҷиноятӣ

 Шаҳрвандони хориҷӣ барои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва тартиб додани онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

 Тартиби ҳуҷҷати қалбакӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, бо ҷарима то 80 ҳазор рубли рус, ё ҳабс ба мӯҳлати то 6 моҳ (моддаи 327-и КҶ ФР) ҷазо дода мешавад.

 Убури сарҳади ФР аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ, ки дар бораи манъи вуруд ба ӯ огоҳ аст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 4 сол, ё ҷарима дар ҳаҷми то 300 ҳазор рубл (моддаи 322 қ. 2 КҶ ФР) ҷазо дода мешавад.

 Бақайдгирии қалбакии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои будубош боиси ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 ҳазор рубл, ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати то 3 сол мегардад (моддаи 322.3 КҶ ФР).

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 № 274, аз 15 март то 15-уми сентябри соли 2020 ҳамчунин бо ҳисобкардани худи ин рӯз, СРММ ВКД Россия қарор дар бораи бадаркунӣ, номатлубии будубош (истиқомат), бекор кардани раводид, ИИМ, иҷозатнома барои истиқомат, бекор кардани патенти кори шаҳрвандони ҶТ қабул намекунад. Аммо, дар ин давра, муҳоҷирон метавонанд дар шакли ҷарима низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд ва барои қонунвайронкуниҳои пеш аз 15 марти соли 2020 содиркардашуда, ба онҳо вуруд ба ФР манъ карда шавад.

Ҷазо барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи муҳоҷиратро суд муайян мекунад. Дар мурофиаи судӣ шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқ дорад аз хизмати адвокат истифода кунад, илова бар ин, вай бояд бо тарҷумон таъмин карда шавад. Қарори судро дар давоми 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани қарори хаттӣ ба забони ба Шумо фаҳмо, шикоят кардан мумкин аст – ин вақтро барои шикоят кардани қарор истифода баред.

Дар сурати поймол кардани ҳуқуқҳои Шумо, Шумо ба Прокуратура, ё ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон муроҷиат кунед.

Бадаркунӣ аз ФР тавассути баромади мустақилона – аз ҳисоби шаҳрванди хориҷӣ бо огоҳии дахлдори шӯъбаи минтақавии СРММ ВКД Россия имконпазир аст.

Агар шаҳрванди хориҷӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худро надошта бошад, ё дар бораи сабти номи дар шӯъбаи муҳоҷират огоҳнома вуҷуд надошта бошад, ё агар ҳуқуқвайронкунӣ такроран содир шуда бошад, суд метавонад дар бораи ҷойгиркунии шаҳрванди хориҷӣ дар МНМШХ (маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ) қарор қабул кунад. Дар ин ҳолат, хориҷ кардан ҳам аз ҳисоби давлат ва ҳам аз ҳисоби худи шаҳрванди хориҷӣ имконпазир аст.

Агар шаҳрванди хориҷӣ дар МНМШХ ҷойгир карда шуда бошад, кӯшиш кунед, ки зудтар барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳои ӯ ва фиристодан ба давлати шаҳрвандӣ мусоидат карда шавад: будубош дар МНМШХ агар шахсияти шаҳрвандии хориҷӣ муқаррар карда нашавад, метавонад то 2 сол идома ёбад. Ҳатман бо консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамос гиред, ё барои ёрии ҳуқуқии ройгон ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кунед.

Дар мавриди ҷойгиркунӣ дар МНМШХ, ба Шумо Комиссияи назоратии ҷамъиятии (КНҶ) минтақаи Шумо метавонад ёрӣ расонад, инчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) дар минтақаи Шумо: онҳо ҳуқуқ доранд, ки шартҳои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷиро дар МНМШХ тафтиш кунанд ва инчунин метавонанд ба Шумо ёрии ҳуқуқӣ расонанд.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • «Кодекси Федератсияи Россия дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» аз 30.12.2001 № 195-ҚФ – бобҳои 18, 19;
  • Қонуни федералӣ аз 25.07.2002 № 115-ҚФ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» – моддаи 35.1. Асосҳои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои махсус;
  • «Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия» аз 13.06.1996 № 63-ҚФ
  • Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 № 274 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия бо сабаби дар робита ба хатари паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус (COVID-19)»

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Маълумоти тамосии судҳо ва маълумот дар бораи кори онҳоро дар сомонаи Системаи давлатии автоматикунонидашудаи ФР «Правосудие» ёфтан мумкин аст     https://sudrf.ru/
  Маълумоти тамосии марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар минтақаҳои ФР  https://migrantmedia.ru/wp- content/zakonodatelstvo-rf/ adresa-i-telefony-centrov- vremennogo-soderzhaniya- inostrannyh-grazhdan-v-rf.pdf
Марказҳои нигоҳдории муваққатӣ (МНМШХ):  
  МНМШХ дар ш. Москва     64-км шоҳроҳи Варшавское, деҳаи    Вороновское, к. Сахарово Тел: 8 (495) 633-32-83
    МНМШХ дар вилояти Москва  шаҳраки Егоревск, к. Костилёво, № 107 Тел: 8 (496) 405-63-07
  МНМШХ №1 СР ВКД-и Россия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградш. Санкт-Петербург, деҳаи Красное, шоҳроҳи Кингисеппское, 53А Тел: +7 (812) 749-90-29, +7 (812) 749-90-34, +7 (812) 417-29-48 Почта эл.: suvsig-spb@mail.ru
МНМШХ №2 СР ВКД-и Россия дар Санкт-Петербург ва вилояти ЛенинградВилояти Ленинград, ш. Гатчина, Мариенбург, минтақаи саноатии 2, қитъаи 3, Тел: 8 (813) 716-00-94
Комиссияи назоратии ҷамъиятӣ:  
– дар ш. Москваhttp://www.onk-moscow.ru/ Тел: 8 (495) 228-07-50
  – дар вилояти Москваhttp://www.moscowonk.ru/ Тел: +7 (495) 120-41-14, 8 (916) 675-80-85
  – дар ш. Санкт-Петербургhttp://onkspb.ru/ Тел: 8 (931) 352-06-35 Почтаи эл: mail@onkspb.ru
– дар вилояти Ленинградhttp://onkspb.ru/ Тел: 8 (911) 955-08-52
Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россия:https://гувм.мвд.рф/
– дар ш. Москва – Шӯъбаи назорати муҳоҷиратТел: 8 (495) 959-63-28
– дар в. Москва – Шӯъбаи назорати муҳоҷиратТел: 8 (495) 623-67-64
дар ш. Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград – Шӯъбаи ташкили назорати муҳоҷират«Хатти доимоамалкунанда»Тел: 8 (812) 314-61-91   Тел: 8 (812) 573-30-02
Прокуратура:  
  – ш. Москваhttps://epp.genproc.gov.ru/ Тел: 8 (495) 683-68-74,    +7 (495) 951-71-97
– вилояти Москваhttps://mosoblproc.ru/ Тел: 8 (495) 628-27-88
  – ш. Санкт-Петербургhttp://procspb.ru/reception Тел: 8 (812) 318-26-34   8 (812) 315-48-53
– вилояти Ленинградhttps://prokuratura-lenobl.ru/ Тел: 8 (812) 429-77-55
Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон:  
– дар ш. Москваhttp://ombudsman.mos.ru/ Тел: 8 (495) 957-05-85
– дар вилояти Москваhttps://upch.mosreg.ru/ Тел: 8 (495) 650-20-38
– дар ш. Санкт-Петербургhttp://ombudsmanspb.ru/ Тел: 8 (812) 576-58-12
– дар вилояти Ленинградhttp://www.ombudsman47.ru/ Тел: 8 (812) 296-60-13