Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Ҷойҳои кор барои муҳоҷирон дар шаҳри Москва

Поделиться

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки МБД Идораи манзили ноҳияи Хамовникии шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷои корӣ пешниҳод менамояд.

Муассисаи буҷҷетӣ – давлатии Идораи манзили ноҳияи Хамовник хоҳишмандонро аз рӯи ихтисосҳои рӯбанда бо маоши моҳона дар ҳаҷми 27000 ҳазор рубл (дар фасли зимистон 35000 – 37000 ҳазор рубл) рангуборчӣ бо маош дар ҳаҷми 32000 ҳазор рубл ва устои бомпӯш маоши моҳона дар ҳаҷми 35000 ҳазор рубл ба кор даъват менамояд.

Корфармо барои коргарон ҷойи хоби ройгонро пешниҳод намуда, соати корӣ аз соати 8:00 субҳ то 17:00 пешбинӣ гардидааст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки хоҳиши дар корхонаи мазкур фаъолият карданро доранд, метавонад ба рақамҳои +79674700028, 8(499) 2463166 тамос гиранд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҳангоми ба мувофиқа расидан ҷиҳати оғози фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати мазкур бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ доранд ва ҳангоми дучор гардидан ба мушкилот муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Манбаъ: facebook.com