Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ҶУСТУҶӮИ КОР ВА БО КОР ТАЪМИНШАВӢ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Чӣ гуна дар Россия кор пайдо кардан мумкин аст:

  • мустақилона – ба воситаи пойгоҳи расмии ҷои корҳои холӣ;
  • тавассути ҷалби муташаккилона – тавассути оҷонсиҳои хусусии шуғл.

     Дар Россия, шаҳрвандони Тоҷикистон бе патенти пардохтшудаи кор наметавонанд кор кунанд.

     Кори ғайриқонунӣ дар ФР ин қонуншикании ҷиддӣ аст. Ғайриқонунӣ анҷом додани фаъолиятимеҳнатӣ бо ҷарима ҷазо дода мешавад. Донистани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ ва худроаз хатарҳои нолозим муҳофизат карда тавонистан муҳим аст. Ба Шумо тавсия медиҳем, кипойгоҳи умумии расмии ҷойҳои кории холии Россияро истифода баред: https://trudvsem.ru/ – кор дар Россия: пойгоҳи умумии ҷойҳои кории холии хадамоти федералӣ оид ба меҳнат ва шуғли ФР.

     Ҳар як минтақа пойгоҳи иттилоотии расмии ҷои кории холии худро дорад, ки онлайн дастрас мебошад.

     Барои дар ФР расман бо кор таъмин шудан, бо корфармо шартнома бастан зарур аст:

  • шартномаи меҳнатӣ – дар сурати шуғли доимии дарозмуддат дар ҷои кори корфармо;
  • шартномаи хизматрасонӣ, ё шартномаи пудрат – дар сурати шуғли муваққатӣ, пудрат барои иҷрои миқдори муайяни кор барои муддати маҳдуд.

     Муҳоҷири меҳнатӣ бояд дар давоми 2 моҳ аз лаҳзаи гирифтани патенти кор расман ба кор дарояд ва инчунин нусхаи шартномаи меҳнатии худро ба шӯъбаи масоили муҳоҷирати СРММ ВКД Россия фиристад.

     Меҳнати қарзӣ (аз ҷониби корфармо фиристодани кормандони худ ба дигар ташкилот бидуни шартномаи меҳнатӣ) дар Россия манъ аст. Танҳо оҷонсиҳои хусусии расмии шуғл ҳуқуқ доранд, ки коргарони худро ба дигар ташкилотҳо ва шахсони алоҳида фиристанд, ҳамзамон онҳо вазифадоранд:

  • дар шартномаи меҳнатӣ бо корманди хориҷӣ имконияти кор кардан бо шахси сеюмро ишора кунанд;
  • бо корманд шартномаи иловагӣ бандад, дар ҳолатҳое, ки онҳо ӯро ба назди шахси сеюм ба кор мефиристанд.

     Ҳама оҷонсиҳои хусусии шуғли ба таври қонунӣ фаъолияткунанда ба феҳристи ягонаи Роструда дароварда шудаанд.

     Барои расман бо кор таъмин шудан, муҳоҷир бояд дорои ҳуҷҷатҳои зерин бошад:

  • шиносномаи хориҷии амалкунанда бо тарҷума ба забони русии ба таври нотариалӣ тасдиқшуда;
  • дафтарчаи меҳнатӣ (дар сурати аз ҷониби муҳоҷир надоштани дафтарчаи меҳнатӣ, он бояд аз ҷониби корфармо тартиб дода шавад);
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
  • РССШИ (Рақами суғуртаи суратҳисоби шахсии инфиродӣ);
  • патенти амалкунанда барои кор;
  • полиси амалкунандаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ);
  • диплом дар бораи маълумоти миёнаи махсус, ё олии касбӣ – барои кор дар вазифаҳои ихтисосталаб.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

 Маслиҳатҳои оддӣ ба Шумо ҳангоми бо кор таъмин шудан ёрӣ мерасонанд:

  • корфармои худро донед: Шумо бояд ном ва суроғаи ташкилоте, ки дар он кор мекунед, маълумоти тамосии (вазифа, ном, насаб, рақами телефон) роҳбари бевоситаи худро донед; агар ба Шумо лозим ояд, ки ҳуқуқҳои худро ҳимоя намуда, музди меҳнатро талаб кунед, ин маълумот муфид хоҳад буд;
  • бо миёнаравон муроҷиат накунед: эҳтиёт шавед – миёнаравҳо метавонанд Шуморо ҳамчун қувваи кории ройгон истифода баранд;
  • бо корфармо шартнома бандед: корфармо бояд бо Шумо шартнома бандад ва нусхаи он шартномаро ба Шумо диҳад.
  • андоза ва шартҳои пардохти музди меҳнатро дақиқ пешакӣ қайд кунед: Шумо бояд донед, маҳз чӣ қадар ба Шумо бояд пардохт кунанд ва маҳз барои кадом кор. Андозаи музди меҳнат бояд дар шартномаи меҳнатӣ нишон дода шуда бошад. Шумо бояд маблағро ба корти махсуси бонкии ба номи Шумо кушода, ё шахсан дар муҳосибот бо гузоштани имзо гиред. Дар муҳосибот ба Шумо бояд варақаи ҳисоббаробаркунӣ диҳанд. Ҳама гуна муносибатҳои пулӣ бояд ҳуҷҷатгузорӣ карда шаванд. Агар ба Шумо маблағ қарздор бошанд – аз корфармо забонхат талаб кунед ва бо худ нигоҳ доред;
  • ҳама чизе, ки Шумо имзо мекунед, бодиққат хонед ва талаб кунед, ки ба Шумо нусхабардории онро диҳанд: агар аз Шумо хоҳиш кунанд, ки ягон чизеро имзо намоед, масалан, шартнома, ҷадвал, забонхат ва ғ., Шумо бояд бо он чизе, ки имзо менамоед, розӣ бошед. Агар ин коғаз шахсан ба Шумо тааллуқ дошта бошад, ба Шумо додани нусхаи онро талаб намоед. Шумо ҳуқуқ доред, ки шартномаҳо, огоҳномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро, агар Шумо бо мундариҷа ва шартҳои онҳо розӣ набошед имзо накунед;
  • ҳуҷҷатҳои худро ба корфармо барои нигоҳдорӣ надиҳед: касе ғайр аз Шумо наметавонед шиноснома, иҷозатномаи кор, суғурта, нусхаи шартномаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои Шуморо нигоҳ дорад, инчунин озодии ҳаракати Шуморо маҳдуд кунад, телефонатонро гирад ва ғайра. Гирифтани шиноснома ва маҳдуд кардани озодӣ – ин ҷинояти ҷиддӣ аст: дар ин ҳолат бояд ба полис муроҷиат кард!
  • кӯмак пурсед: барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ Шумо метавонед ба Полис, Прокуратура, Нозироти давлатии меҳнат, Суд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кунед.

     Дар Россия рӯйхати 135 касби мутахассисони соҳибихтисос мавҷуд аст. Чунин мутахассисон ба иқтисодиёти Россия лозиманд ва агар онҳо зиёда   аз 1 сол таҷрибаи корӣ дар ФР дошта бошанд, метавонанд ба гирифтани шаҳрвандии Россия дар намуди соддакардашуда умед кунанд. Дар ин рӯйхат ихтисосҳои тиббӣ (фелдшер, ҳамшираи тиббӣ, духтур, момодоя), педагогӣ (мураббия, муаллим, омӯзгор), муҳандисӣ, коргарон (харрот (токарь), челонгар, барқчӣ, васлкунанда, оператори дастгоҳ ва ғ.), кишоварзӣ ва дигар ихтисосҳо мебошанд.

ҚОНУНГУЗОРӢ

– «Кодекси меҳнатии Федератсияи Россия» аз 30.12.2001 №197-ҚФ – Моддаи 65. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ пешниҳод мешаванд, мод. 56.1 Манъи меҳнати қарзӣ, Боби 50.1. Хусусиятҳои танзими меҳнати кормандоне, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мебошанд, Боби 53.1. Хусусиятҳои танзими меҳнати кормандон, ки муваққатан аз тарафи корфармо ба назди дигар шахсони воқеӣ, ё ҳуқуқӣ тибқи шартнома оид ба пешниҳоди меҳнати кормандон фиристода мешаванд;

– Фармони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия аз 25.11.2019, №734н «Дар бораи тасдиқи номгӯи касбҳо (ихтисосҳо, вазифаҳо) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ – мутахассисони баландихтисос, ки ҳуқуқ барои гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россия бо тартиби соддакардашуда доранд.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Пойгоҳи расмии умумии ҷойҳои кории холии Россия «Кор дар Россия»https://trudvsem.ru/
Ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Санкт-Петербургhttps://gauctr.ru/vakansii-sankt- peterburga/
Феҳристи агентиҳои аккредитатсияшудаи  хусусии шуғли «Роструд»-и Федератсияи Россияhttps://rostrud.gov.ru/ opendata/7712345678-chaz
Рӯйхати ихтисосҳои мутахассисони соҳибихтисос, ки ҳуқуқ барои гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россия бо тартиби соддакардашуда дорандhttps://www.garant.ru/products/ ipo/prime/doc/73476436/