Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ҶУСТУҶӮЙ ВА ИҶОРАИ МАНЗИЛ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

    Шаҳрвандони ҶТ, ки мехоҳанд манзил дарёфт кунанд, метавонанд:

  • манзилро тавассути оҷонсиҳои амволи ғайриманқул ба иҷора гиранд;
  • манзилро мустақиман аз соҳибон ба иҷора гиранд;
  • дар хобгоҳҳо ё хонаҳои махсус барои иҷора сохташуда қарор гиранд.

    Созишномаи дар бораи иҷораи манзил бо бастани шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ амалӣ карда мешавад.

    Дар шартнома ҳатман нишон дода мешавад:

  • насаб, ном ва номи падари соҳиби хона, маълумотҳои шиносномавии ӯ ва рақами телефон;
  • насаб, ном ва номи падари иҷорагиранда, маълумотҳои шиносномавии ӯ ва рақами телефон;
  • ном, рақам ва санаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба бино;
  • суроғаи дурусти манзили истиқоматӣ, масоҳати он;
  •   мӯҳлати иҷораи манзил;
  •   андозаи аниқи музди иҷора;
  •   шумораи иҷорагирандагон, ному насаби онҳо;
  •   мӯҳлати пардохти барои иқомат барои ҳар моҳи минбаъда;
  •   мӯҳлати супоридани пардохтҳои коммуналӣ;
  •   руйхати ҳамаи амволе, ки дар бино мебошад ва ҳолати он;
  •   маблағи пардохти гаравӣ ва шартҳои баргардонидани он;
  •   намунаи забонхат барои супоридани музди иҷора;
  •   ҳуқуқи иҷорагиранда ва шартҳои қатъи иҷораи манзил.

    Дар сурати нияти кӯчидан – соҳиби хонаро 1 ё 2 ҳафта пештар огоҳ кардан лозим аст.

Шартномаи иҷора барои манзили истиқомат дар ду нусха баста мешавад, якеи он бояд ҳатман дар ихтиёри Шумо бошад.

    Шумо ҳуқуқ надоред, ки манзили ба иҷора гирифташударо ба рафиқони худ ба иҷора диҳед – ин ҳуқуқ танҳо ба соҳиби манзил тааллуқ дорад. Ҳама истиқоматкунандагони манзили иҷорашаванда бояд ба шартномаи иҷора дохил карда шаванд.

    Ба меъёрҳои санитарии будубош риоя кунед – ҳадди аққал 6 метри мураббаъ майдони зист барои як нафар. Вайрон кардани меъёрҳои санитарии зист метавонад мушкилоти зиёдеро ба бор орад: бад шудани вазъи саломатии иҷорагирон, зарар ба амволи хона, низоъҳо бо ҳамсояҳо ва соҳиби манзил, тафтишоти полис. Масоҳати манзили зист ба ҳосили майдони ҳуҷраҳои истиқоматӣ баробар аст. Ҳамин тавр, масалан, дар хонаи сеҳуҷрагии масоҳаташ 72.4 метри мураббаъ ва масоҳати зисти иборат аз 46 метри мураббаъ (19 метри мураббаъ + 13 метри мураббаъ + 14 метри мураббаъ) на бештар аз 7 нафар зиндагӣ карда метавонанд. Ҳама тағйирот дар хонаи истиқомат бояд бо молик мувофиқ карда шаванд – Шумо ҳақ надоред, ки бидуни тасдиқи соҳиби хона бо хоҳиши худ таъмир кунед, таҷҳизоти нав насб кунед, ё таҷҳизоти кӯҳнаҳо дур кунед ва ғайра.

     Дар хонаи иҷора Шумо бояд тартиб ва хомӯширо риоя кунед. Дар рӯзҳои корӣ аз соати 22 то 7 ва дар рӯзҳои истироҳат ва ид аз соати 22 то 12 хомӯширо вайрон кардан манъ аст.

Соҳиби хона бояд ҳатман Шуморо дар маҳалли зист ба қайд гирад, яъне ба қайди муҳоҷират гирад.

     Барои истиқомат бидуни бақайдгирӣ Шуморо метавонанд ба андозаи аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима кунанд ва дар ҳудуди Москва, вилояти Москва, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград – ба андозаи аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима карда, аз қаламрави кишвар бадар карда, вуруд ба Россияро ба муддати 5 сол манъ кунанд. Асос барои истиқомат дар хонаи иҷорашаванда, ё ҳуҷра шартномаи иҷораи манзил, огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷират дар суроғаи будубоши Шумо мебошад.

     Дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои Шумо аз ҷониби соҳиби манзил, аз ҷумла хориҷ кардан, ё пардохтҳои иловаги ғайриқонунӣ аз рӯи шартномаи иҷора, Шумо бояд ба полис, суди умумӣ, ё Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муроҷиат кунед (агар бино аз ҷониби ташкилот, ё соҳибкори инфиродӣ пешниҳод шуда бошад).

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Мо ба Шумо маслиҳат медиҳем, ки манзилро пешакӣ ҷустуҷӯй ва мувофиқа кунед, пеш аз баромадан аз Тоҷикистон: ҷои истиқомати Шумо бояд бо ҷои бақайдгирии муҳоҷират мувофиқат кунад ва соҳиби ҳуҷра, ё хона бояд барои Шумо тарафи қабулкунанда бошад.

Шумо бисёр эълонҳо дар бораи ба иҷора додани хонаҳо, ё ҳуҷраҳо мебинед. Вале пайдо кардани манзил мустақилона, хеле мушкил аст, иҷораи хона, хусусан дар шаҳрҳои калон, гарон аст.

Нархи миёнаи иҷораи манзил дар Санкт-Петербург (бидуни назардошти пардохтҳои коммуналӣ):

– ҳуҷра: 10000-15000 рубл/моҳ
– хонаи 1-ҳуҷрагӣ: 16000-26000 рубл/моҳ
– хонаи 2-ҳуҷрагӣ: 19000-36000 рубл/моҳ
– хонаи 3-ҳуҷрагӣ: 23000-43000 рубл/моҳ.

Одатан, манзилҳои истиқоматиро тавассути тамос бо оҷонсиҳои махсус метавон ба иҷора гирифт.

Оҷонсиҳои боэътимоди амволи ғайриманқул идораҳои худро доранд ва зери овезаи худ ба таври ошкоро кор мекунанд. Кормандони ин муассисаҳо ному насабашонро пинҳон намекунанд, кортҳои шиносоии махсус доранд, ҳамеша метавонед бо онҳо тамос гиред ва шахсан вохӯред. Бо оҷонсӣ Шумо шартномаи алоҳидаи хизматрасонӣ мебандед. Кормандони оҷонсӣ шахсан ба Шумо дар интихоби имконоти мувофиқ мусоидат мекунанд ва ҳангоми дидан ва мулоқот бо соҳиби он хона, Шуморо ҳамроҳӣ мекунанд. Агентон ба ҳама саволҳои Шумо посух медиҳанд ва пардохтро танҳо пас аз ба имзо расидани шартномаи иҷора бо соҳибмулк мегиранд.

Эҳтиёт бошед, дар бозори манзил метавон бо қаллобон дучор шавед! Аз хидматҳои ширкатҳое, ки «хизматҳои иттилоотӣ» пешниҳод мекунанд ва имконоти арзон пешкаш мекунанд, истифода набаред: Шумо хавфи аз даст додани пул ва бе хона монданро доред!

Хизматрасонии агентҳо гарон мебошад: барои ҷустуҷӯи манзил ва ҳамроҳӣ дар созиши иҷора, онҳо маблағи баробар ба моҳонаи музди иҷора мегиранд. Имрӯз, хадамоти интернетӣ маъмуланд, ки дар онҳо эълон барои иҷораи манзил мустақиман аз ҷониби соҳибон, бидуни ҳамроҳӣ намудани оҷонсиҳо, ҷойгир карда мешаванд. Агар Шумо ба қарор омадед, ки ин хизматҳоро истифода баред, Шумо бояд бо соҳибон мустақилона гуфтушунид кунед.

Агар ба Шумо пешниҳод карда шавад, ки манзилро бидуни шартномаи иҷора қабул кунед, Шумо дар хело зери хатар қарор доред: соҳиби манзил, ё миёнарав метавонад Шуморо дар вақти дилхоҳ пеш аз гузаштани мӯҳлати иҷора, бе баргардонидани гарав пеш кунад. Шартномаи иҷораи манзил бояд ҳатман баста шавад!

Агар иҷорадеҳ соҳиби манзил бошад, вай бояд ба Шумо шаҳодатномаи аслии бақайдгирии давлатии моликият ва шартномаи хариду фурӯшро нишон диҳад. Агар иҷорадеҳ соҳиби манзил набошад – дар якҷоягӣ бо ин ҳуҷҷатҳо ӯ бояд ваколатномаи соҳиби манзилро пешниҳод кунад, ки тибқи он ӯ ҳуқуқи ба иҷора додани онро дошта бошад, инчунин маълумотҳои шиносномавии худ ва соҳиби манзилро пешниҳод кунад.

Дар шартномаи иҷора ҳатман навъи манзили истиқоматӣ – хона, ё ҳуҷра, нишон дода мешавад. Агар Шумо ҳуҷраро дар хонаи коммуналӣ иҷора мегирифта бошед – муайян кунед, ки оё ҳамсояҳо доред ва онҳо кистанд, хоҳиш кунед, ки Шуморо бо онҳо шинос кунанд.

Дар шартнома ҳатман ишора кунед, ки дар хонаи иҷорашаванда чанд нафар бо Шумо буда метавонанд ва киҳо мебошанд – Шумо ҳақ надоред, ки одамони ба соҳиби хона ношиносро ба назди худ ҷойгир кунед!

Пардохт барои манзил бояд дар вақташ супорида шавад. Шумо бояд дар шартнома нишон диҳед, ки кадом санаи ҳар моҳ Шумо бояд пардохт намоед. Шумо бояд дар шартнома муайян кунед, ки кӣ ва дар кадом мӯҳлат бояд барои об, газ, барқ, гармидиҳӣ, телефон, интернет пардохт кунад.

Шартнома бояд баруйхатгирии (инвентаризатсияи) амволи дар хона буда ва ба соҳиби манзил тааллуқдошта – мебел, техникаи маишӣ ва ғайраро дошта бошад. Ҳатман мавҷудият ва ҳолати ин амволро тафтиш кунед, муайян кунед, ки чӣ гуна ва чиро ба Шумо истифода кардан мумкин аст, дар ҳолати садама, ё вайроншавӣ амволро кӣ ва чӣ тавр таъмир мекунад.

Барои манзили иҷора Шумо бояд ба иҷорадиҳанда гарав гузоред – маблағе, ки арзиши ҷубронро, дар ҳолати зиён ба амвол, таъхири пардохти манзил, пеш аз мӯҳлат рад кардани иҷора, пардохт накардани пардохтҳои коммуналӣ, нишон медиҳад. Гарав одатан ба маблағи иҷораи моҳона баробар буда, дар охири мӯҳлати иҷора ба иҷорагир баргардонида мешавад. Гарав ҳамчун кафолати риояи шартномаи иҷора хизмат мекунад ва агар Шумо шартҳои шартномаро вайрон кунед, аз ҷониби иҷорадеҳ баргардонида намешавад. Ҳатман шартҳои додан ва баргардонидани гаравро ишора кунед.

Ҳеҷ гоҳ пулро бидуни забонхат надиҳед – ҳама амалиёт бо пул бояд дар коғаз инъикос карда шавад, то Шуморо фиреб надиҳанд.

Ҳатман ба шартҳои қатъи иҷора диққат диҳед – соҳибмулк ҳуқуқ надорад, ки Шуморо ба кӯча бе сабаб ва огоҳӣ пеш кунад. Аз қаллобон эҳтиёт шавед – пеш аз имзо кардан ва гирифтани шартномаи меҳнатӣ ба даст, ба касе пул надиҳед.

Бисёр ширкатҳое мавҷуданд, ки ҷойгиршавӣ дар хобгоҳҳо ва хостелҳои шаҳр пешниҳод мекунанд. Чунин ширкатҳоро ба осонӣ дар интернет дарёфт кардан мумкин аст. Ҳатман шароити зистро дар хобгоҳи мушаххас ва ё хостел пеш аз бастани шартномаи иҷора тафтиш намоед.

Бартарии истиқомат дар хобгоҳи корӣ – имконияти ба расмият даровардани бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муҳоҷирати расмӣ дар маҳалли воқеии истиқомат. Ғайр аз он, хобгоҳҳо посбонӣ карда, тоза нигоҳ дошта мешаванд. Аммо, Шумо метавонед танҳо як ҷои хоб, на ҳуҷраро ба иҷора гиред: ҳамзамон, иҷора нисбатан арзон хоҳад буд, аз 200 рубл дар як рӯз.

ҚОНУНГУЗОРӢ

–  «Кодекси манзилии Федератсияи Россия» аз 29.12.2004, № 188-ҚФ;
– «Кодекси шаҳрвандии Федератсияи Россия (қисми дуюм)» аз 26.01.1996 № 14-ҚФ – боби 35. Иҷораи манзили истиқоматӣ;
– «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» дар Федератсияи Россия «(Қонуни федералӣ аз 18.06.2006) N 109-ҚФ).

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Маъмултарин захираҳои интернетӣ барои мустақилона ба иҷора гирифтани манзили истиқоматӣ дар Россия: Яндекс.Амволи ғайриманқул; ЦИАН; Авито; Амволи ғайриманқул дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград.  https://realty.yandex.ru/ https://www.cian.ru/ https://www.avito.ru/rossiya https://www.bn.ru/
Намунаи шартномаи иҷораи манзилро аз ин сомона зеркашӣ кардан мумкин астhttp://migrussia.ru/poleznye- materialy/v-pomoshch-migrantu
Агар бино аз ҷониби ташкилот, ё соҳибкори инфиродӣ пешниҳод шуда бошад, оиди ҳуқуқвайронкунӣ ба Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон шикоят кардан мумкин аст    https://www.rospotrebnadzor.ru/