Categories
Хабарҳо

“Ӯ беҳтарин инсон аст”: Волочкова бори нахуст акси хизматгорзани тоҷикашро нишон дод.

Поделиться

Анастасия Волочкова бори нахуст акси муштарак бо хизматгорзани тоҷикашро дар сафҳаи Инстаграм мунташир кард.

    Балеринаи маъруфи рус Анастасия Волочкова дар сафҳаи Инстаграми худ аксашро бо хизматгорзанаш мунташир кард. Хизматгорзани ӯ тоҷик буда, Лола ном дорад.
    Қаблан ВАО – и Россия хабар дода буд, ки хизматгорзани Волочкова муҳоҷирзан аз Тоҷикистон аст, вале балеринаи маъруф борҳо аз ироаи маълумоти бештар дар бораи хизматгораш худдорӣ кард.
    Ҳоло бошад, Волочкова бо нашр намудани акси муштари худ бо хизматгорзанаш изҳор дошт, ки ӯ муддати 5 сол дар манзили ӯ кор мекунад ва ҳамчун аъзои хонаводааш аст. 

    “Лола соҳиби 3 фарзанд аст. Ӯ беҳтарин инсон мебошад. Мо ҳамроҳи ӯ дар ҳамоҳангӣ ва мувофиқат зиндагӣ мекунем”, – илова намудаст балеринаи рус.Манбаъ: Sputnik