Categories
Хабарҳо

«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» имрӯз дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дод.

Поделиться

    Имрӯз баъд аз чандин моҳи таваққуф дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дода шуд. Парвози махсус  аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» /Uzbekistan Airways/ сурат гирифт.

    Бояд зикр кард, ки моҳи марти соли 2020 бар асари паҳншавии  бемории сироятии COVID-19 парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд  муваққатан қатъ гардида буд.

    Парвозҳои мунтазам байни ду ҳамсоядавлат-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кай барқарор мешаванд? Дар посух ба ин саволи хабарнигори  «Ховар»  директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Субҳонзода гуфт, ки дар ин масъала байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид идома дошта, бо ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки   шурӯъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо  ба роҳ монда шаванд.

    Алҳол дар хатсайри  Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Turkish Airlines» ва «FlyDubai» парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»