Categories
Хабарҳо

АКСИЯ «МУХОЧИРАТИ БЕХАТАР – 2020»

Поделиться

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 18 декабр ҳамчун рузи «Муҳоҷир» бо мақсади расидан ба ҳадафҳои худ оид ба дуруст ба роҳ мондани  масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор мегардад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ дар  вилоят ва Маркази ташаккули ҳаёти солими вилоят  дар якҷоягӣ бо шарикони ҳамкори худ, аз он чумла ТЧ «Чашмаи Хаёт» ва ШТРР «Тироз» бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир санаи 18-уми декабри  соли равон дар бозори Панчшанбе майдони Регистони шахри Хучанд  аксияи иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус баргузор намуд.

Дар рафти ин аксия самти муҳоҷирати меҳнатӣ он масъалаҳое, ки имрӯзҳо баъди хурӯҷи касалии сироятии “COVID-19” коронавирус пайдо шудаанд, маълумотҳо дода шуд. Ҳадаф аз баргузорӣ ин аксия баланд бародоштани маърифтаи иттилоотии аҳолӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии бемории сироятии кароновирус COVID-19 ва ВНМО, ҳамчунин ба роҳ мондани  тарзи ҳаёти солим мебошад.

Инчунин таъкид карда шуд, шахсоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба берун аз кишвар мераванд бояд омодагии пеш аз сафарро бинанд, барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд кадои ҳуҷҷатҳоро бояд омода кард, дигар талаботҳои давлати бо кор таъминкунандаро омузанд, инчунин ҳар нафаре, ки баъд аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан бармегардад ҷиҳати солимии аъзоёни оила ва ҷомеа бетараф набошанд, беҳтараш аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ба хамма иштирокчиёни ин аксия маводхои иттилоти, никоб, буклетҳои маълумотдиҳӣ тақсим карда шуд.

 

ТЧ «Чашмаи Хаёт»