Categories
Хабарҳо

Арзиши чиптаи парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд

Поделиться

Ширкатҳои “Ютэйр” ва “Сомон Эйр” арзиши чиптаҳои парвозҳои муқаррариро эълон кардаанд. Арзиши парвоз аз Россия ба Тоҷикистон нисбат ба парвоз аз Тоҷикистон ба Россия арзонтар аст.

     Тавре ширкати “Ютэйр” хабар додааст, нахустин парвоз аз Душанбе ба Москва шаби 3 апрел, соати 2-и шаб сурат мегирад. Ҳамчунин ширкат ҷадвали парвозҳоро ва арзиши ақалии чиптаҳоро муайян кардааст. Ҳамин тавр, чиптаи парвоз аз Москва ба Душанбе 1640 сомонӣ ё 143 доллар ва аз Душанбе ба Москва 3 ҳазору 983 сомонӣ баробар ба 349 доллар мебошад. Мувофиқи ҷадвал парвозҳои “Ютэйр” ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа соати 6-и субҳ анҷом дода хоҳад шуд.

     Нахустин парвози “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Москва 6 апрел сурат мегирад. Арзиши ақаллии чиптаҳо аз ширкати русӣ фарқ надорад – аз Москва арзонтар – 1640 сомонӣ ё 143 доллар, аз Душанбе гаронтар – 3 ҳазору 983 сомонӣ ё 349 доллар.

     Билетҳои парвоз аз ҳарду ширкатҳо ҳам феълан ба фурӯш гузошта нашудаанд.

     Россия пештар эълон кард, ки аз 1 апрел фазояшро ба рӯи Тоҷикистон боз мекунад. Бино бар нақша, дар аввал аз ҳарду кишвар ба як ширкатӣ ҳуқуқи анҷом додани парвозҳои муқаррарӣ дода мешавад. 

     Пештар Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба саволе, ки киҳо метавонад ба Россия тавассути парвозҳои муқаррарӣ сафар кунанд, гуфт, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин шахсони дигар, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимӣ дар Тоҷикистонро доранд, метавонанд ба Россия раванд. Шаҳрвандони Россия низ метавонанд аз ин парвозҳо истифода кунанд.

     Дар мавриди ҳуҷҷатҳои зарурӣ зикр шудааст, ки барои сафар аз Душанбе ба Москва, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд хулосаи аслии тиббиро бо забони русӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус тариқи ташхиси “ПСР” дошта бошад, ки на пештар аз се рӯз то расидан ба Москва анҷом дода шудааст.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com