Categories
Хабарҳо

Арзиши патент дар Маскав гарон намешавад.

Поделиться

Дар Маскав ва вилояти Маскав коэффитсенти минтақавӣ, ки аз рӯи он арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобу китоб мешавад, як каме поин омадааст

     Мақомоти Русия арзиши патентро барои соли 2021 дар шаҳр ва вилояти Маскав эълон карданд. Дар Маскав зариб ё коэффитсенти минтақавӣ то 2,3878 поин оварда шуд. Ин нишондиҳанда дар қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои алоҳидаи шаҳри Маскав дар бахши андозсупорӣ” инъикос ёфтааст.
     Ҳамин тавр маблағи патент дар соли 2021 барои муҳоҷирони меҳнатӣ монанди соли 2020 дар ҳаҷми 5341 рубли русӣ боқӣ мемонад.
     Дар вилояти Маскав зариби минтақавӣ низ поин оварда шуд ва дар сатҳи 2,27647 сабт гардидааст. Ин нишондиҳанда низ дар қонуни №232/2020-03 “Дар бораи сабти зарибе, ки бозори меҳнати вилояти Маскавро дар соли 2121 муайян мекунад” инъикос ёфтааст. Тибқи ин қонун арзиши патент дар вилояти Маскав барои муҳоҷирони меҳнатӣ низ тағйир наёфтааст. Арзиши патент ба моанади соли 2020 дар ҳаҷми 5092 рубл боқӣ мондааст.

Манбаъ: Sputnik.