Categories
Хабарҳо

Аввалин муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия сафар карданд

Поделиться

Ҳудуди 170 муҳоҷири меҳнатии тоҷик ба Россия сафар карданд. Инҳо аввалин нафароне  ҳастанд, ки пас аз баста шудани марзҳо вориди он кишвар мешаванд

Фарангис Исломова, сардори Раёсати равобити байнулмилалии Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 30 январ, 170 шаҳрванд аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои фаъолияти меҳнатӣ бо хатсайри Душанбе-Иркутск парвоз карданд. 

“Сафари аввалин муҳоҷирин бо иҷозати Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз густариши КОВИД – 19, мусоидат ва ҳамкории зичи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии бакортаъминкунӣ ва Хадамоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ фароҳам шуд. Тамоми масъулини мақомоти зидахл соати 4 – и субҳи имрӯз шахсан дар расми гусели онҳо ширкат доштанд”, – гуфт Фарангис Исломова.

Марзи миёни Тоҷикистону Россия 18 марти соли 2020 барои ҳаракати шаҳрвандони ду кишвар баста шуда буд. Аз Тоҷикистон фақат шаҳрвандони Россия ва аз Россия фақат шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд парвоз кунанд.

Тибқи иттило, муҳоҷирон ба ширкатҳои “ДомостройПрофи” (28 нафар) – и шаҳри Иркутск, “ПромСтройМонтаж” (68) – и шаҳри Тулун, “СибСталСтрой” (24) – и деҳаи Грановшина, “СПМК-7” (50) – и шаҳри Иркутск эъзом шуданд.
Ба қавли Фарангис Исломова, муҳоҷирин нахуст  дар Шифохонаи клиникии  “РЖД-Медитсина” ва “БайкалПрофиТур”- и шаҳри Иркутск муоина ва 14 рӯз барои қарантин бистарӣ мешаванд.

“Сафари муҳоҷирон тибқи дархости ширкатҳои сохтмонии Россия анҷом дода шуд. Хароҷоти сафар, ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, 14 рӯз нигоҳ доштан дар қарантина ва санадсозиву панету ғайраро корфармо пардохт карда мешавад”, – гуфт Фарангис Исломова.

Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир боз 434 шаҳрванди кишвар иҷозаи расмии вуруд ва кор дар Иркутскро пайдо кардаанд ва онҳо дар ширкатҳои гуногуни сохтмонии ин вилоят машғул ба кор хоҳанд шуд.

Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон