Categories
Хабарҳо

Аз панҷ ба се сол муҳлати сертификати забони русӣ кам карда шуд

Поделиться

Бо фармони сарвазири Федератсияи Россия Михаил Мишустин, ки ба имзо расонид, муҳоҷирон акнун бояд ҳар се сол аз фанҳои забон, таърих ва қонунгузории Россия имтиҳон супоранд

     Қонуни нав моҳи июни соли 2021 эътибор пайдо мекунад ва муҳоҷиронро вазифадор мекунанд, ки дониши худро дар бораи забони русӣ на дар панҷ сол як маротиба, тавре ки қаблан буд, балки ҳар се сол тасдиқ кунанд, хабар медиҳад портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ.

     Ҳамин тариқ, шаҳодатномаи донандаи забони русӣ, таърихи Россия ва қонунҳои он, аз рӯзи додани санад дар давоми се сол эътибор дорад. Ин ҳуҷҷат барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент дар кишвар талаб карда мешавад.

     Барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ (РВП) низ ҳамин муҳлат муқаррар карда шудааст, аммо барои гирифтани иҷозат барои истиқомат (ВНЖ) шаҳодатнома бемуҳлат аст. Дар сурати бекор кардани иҷозатномаи истиқомат, амали шаҳодатнома низ қатъ карда мешавад.

     Бояд гуфт, қабули имтиҳон ва додани шаҳодатномаҳо барои муҳоҷирон ба ташкилотҳои таълимии Россия ва хориҷи кишвар, ки ба феҳристи махсус дохил карда шудаанд, иҷозат дода мешавад.

Дар асоси маводҳои ТАСС ва Sputnik