Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

БАҲИСОБГИРИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ФР

Поделиться

Баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР расмиёти зеринро дар бар мегирад:

  1. убури сарҳади ФР ва ба расмият даровардани корти муҳоҷиратӣ;
  2. баҳисобгирӣ (бақайдгирӣ ) дар шӯъбаи муҳоҷират;
  3. тамдиди бақайдгирии муҳоҷират.

1.      УБУРИ САРҲАД ВА БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ КОРТИ МУҲОҶИРАТӢ

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

  Барои ворид шудан ба ФР, шаҳрванди ҶТ бояд дорои шиносномаи хориҷии амалкунанда бошад. Агар мӯҳлати шиноснома гузашта бошад, ба Шумо иҷозат дода намешавад, ки аз сарҳад гузаред. Аз 1 январи соли 2015 вуруд ба ФР барои шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ имконпазир аст.

  Шаҳрвандони ноболиғи ҶТ ба ФР бо шиносномаи хориҷӣ ворид мешаванд. Ғайр аз он, шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон метавонанд дар асоси шаҳодатномаи таваллуд бо ҳамроҳии падару модар, падархонду модархонд, васиён, парасторон ва шахсони ваколатдор ба ФР ворид шаванд.

  Ҳангоми ворид шудан ба ФР дар нуқтаи гузаргоҳи назоратии хадамоти сарҳадӣ, муҳоҷир бояд корти муҳоҷиратӣ ба даст орад. Корти муҳоҷиратӣ – ҳуҷҷатест, ки он дорои маълумот дар бораи шаҳрванди хориҷие, ки ба Россия ташриф овардааст, мақсад, макон ва муддати будубоши муваққатии ӯ мебошад. Корти муҳоҷиратӣ далели убури қонунии сарҳади давлатии ФР-ро тасдиқ мекунад, инчунин ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ барои муваққатан дар ФР қарор доштанро тасдиқ мекунад, аз ҷумла бо мақсади кор.

  Варақаи муҳоҷират ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми ворид шудан ба ФР ройгон ва ва бо тартиби ҳатмӣ дода мешавад – одатан, дар ҳавопаймо, қатора, ё фурудгоҳ (аз ҷониби корманди экипаж, ё ронандаи автобус), инчунин дар нуқтаи назорати сарҳадӣ (аз ҷониби сарҳадбон).

  Корти муҳоҷиратӣ бо забони русӣ аз ҷониби худи муҳоҷир – дастӣ, ё аз ҷониби сарҳадбонон – ба воситаи компютер пур карда мешавад. Корти муҳоҷиратиро бо ҳарфҳои лотинӣ пур кардан мумкин аст – мувофиқи маълумоти шахсии дар шиноснома нишондодашуда. Корти муҳоҷиратӣ аз ду қисм иборат аст ва ҳарду бояд пур карда шаванд: Қисми «А» ба корманди назорати сарҳадӣ супорида мешавад, қисми «В» барои Шумо.

  Корти муҳоҷиратӣ бояд бодиққат, бе ислоҳ ва хатогӣ пур карда шавад. Хеле муҳим аст, ки ҳадафи вуруд ба Россия дуруст ишора карда шавад. Агар Шумо барои кор ба Россия рафтанӣ бошед, бояд дар корти муҳоҷиратӣ калимаи «кор» қайд карда шавад – вагарна ба расмият даровардани патенти кор ва шуғли қонунӣ имконнопазир мешавад.

  Шаҳрвандони ҶТ метавонанд бо мақсадҳои хусусӣ, бе патенти кор, дар ФР на зиёда аз 90 рӯз дар ҳар 180 рӯз қарор гиранд. Дар давоми 6 моҳ аз лаҳзаи вуруд Шумо метавонед якчанд маротиба ба Россия равед, аммо вақти умумии Шумо дар Россия набояд аз 90 рӯз зиёд бошад.

  Мӯҳлати будубош дар Россияро, ҳангоми вуруд то 90 рӯз ишора кардан мумкин аст. Баъдан мӯҳлати будубош дар ФР дароз карда мешавад, ки дар ин бора дар паси корти муҳоҷират мӯҳрҳои махсус гузошта мешавад.

  Далели вуруд ба ФР бо мӯҳри махсуси вурудӣ, ки аз ҷониби корманди назорати сарҳадӣ дар шиносномаи хориҷӣ ва корти муҳоҷират гузошта мешавад, тасдиқ карда мешавад. Бояд боварӣ ҳосил кард, ки мӯҳр дар ҳарду ҳуҷҷат гузошта шавад. Дар мўҳр бояд санаи убури сарҳад ба таври возеҳ нишон дода шавад, дар акси ҳол шубҳаи вуруди ғайриқонунӣ пайдо шуда метавонад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

  Агар Шумо шаҳрвандии дугонаи ҶТ ва ФР-ро дошта бошед, тавсия медиҳем, ки бо шиносномаи хориҷии Россия ба ФР ворид шавед – дар ин ҳолат Шумо аз бақайдгирӣ дар шӯъбаи муҳоҷират озод карда мешавед, аз ҷумла ба расмият даровардани корти муҳоҷират ҳангоми вуруд ба Россия.

Расми 1. Намунаи варақаи корти муҳоҷират.

  Шаҳрвандони давлатҳои ИДМ ҳангоми вуруд ба Россия вазифадоранд, ки полиси суғуртаи тиббӣ дошта бошанд. Далели доштани полиси суғуртавиро сарҳадбонон метавонанд тафтиш кунанд. Полис бояд дар ватан гирифта шавад. Дар ФР онро дар рӯзи омадан ба ФР дар ҳама гуна ширкати суғуртавӣ, дар фурудгоҳҳои калон ва вокзалҳо ва инчунин дар шӯъбаҳои почтаи Россия харидорӣ кардан мумкин аст. Дар полис бояд шартҳои расондани ёрии тиббӣ ва рақами тамосии ширкати суғуртавӣ дар қаламрави Россия, нишон дода шаванд.

  Тавсия медиҳем, ки чипта ва ё чиптаи фурудро, ки тавассути он Шумо ба ФР ворид шудаед, нигоҳ доред. Дар сурати гум кардани корти муҳоҷират он тасдиқ мекунад, ки Шумо ба таври қонунӣ ворид шудаед.

  Пас аз воридшавӣ ба ФР нусхабардорӣ кунед:

  • шиносномаи Шумо – ҳама саҳифаҳояш;
  • корти муҳоҷират;

  Нусхаҳо ба Шумо ҳангоми бақайдгирӣ дар шӯъбаи муҳоҷират лозим мешаванд.

  Корти муҳоҷират ин ҳуҷҷати муҳим аст! Он бояд бо шиноснома дар тамоми давраи будубош дар ФР нигоҳ дошта шавад. Ҳангоми ворид шудан мӯҳлати амали корти муҳоҷиратӣ набояд аз 90 рӯз зиёд бошад, аммо баъд он ба мӯҳлати амали патенти кор тамдид карда мешавад – дар ин бора, дар қафои корти муҳоҷират мӯҳрҳои махсус гузошта мешавад.

 Агар Шумо оиди кадом мақсади вурудро таъкид кардан шубҳа дошта бошед – мақсади вуруд «кор»-ро интихоб кунед. Ҳамзамон, шаҳрвандони хориҷии то 18-сола ҳуқуқ надоранд, ки дар ФР кор кунанд – барои онҳо, одатан, мақсади вуруд «хусусӣ» (барои аъзоёни оила), ё «таҳсил» (барои донишҷӯёни коллеҷҳо ва донишгоҳҳо) гузошта мешавад. Мақсади вурудро таъкид кардан ҳатмӣ мебошад ва он бояд ба ҳадафҳои будубоши Шумо дар ФР мувофиқат!

  Дар ҳолате, ки агар корти муҳоҷиратро барои Шумо корманди хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии амнияти (ХФА) Россия пур кунад, ба ӯ бодиққат ва ба таври возеҳ мақсади вуруди худро хабар диҳед ва дурустии пур кардани ҳуҷҷатро санҷед! Дар сурати нодуруст ишора кардани мақсади вуруд, Шумо барои бо кор таъмин шудан, дароз кардани мӯҳлати будубош дар ФР, ё гирифтани патенти кор бо мушкилот дучор мешавед!

  Агар Шумо корти муҳоҷиратиро гум карда бошед, бояд фавран (дар давоми 3 рӯзи корӣ) ба Раёсати масоили муҳоҷирати Сарраёсати ВКД-и Россия бо шиноснома, огоҳинома дар бораи сабти ном дар муҳоҷират ва чиптаи вуруд муроҷиат намоед. Пас аз тафтиши ин ҳуҷҷатҳо, ба Шумо корти муҳоҷиратиро ройгон барқарор мекунанд.

  Донистан муҳим аст, ки корти муҳоҷиратиро ба таври қонунӣ ба даст овардан танҳо дар сарҳад ва танҳо ройгон мумкин аст. Дар ҳеҷ ҳолат набояд кортҳои муҳоҷиратиро аз дасти каси дигар ба даст овард! Пешниҳоди корти қалбакии муҳоҷират бо ҷаримаи маъмурӣ (аз 5 то 7 ҳазор рубл) ва хориҷ кардан аз Федератсияи Россия ба мӯҳлати 5 сол (мутобиқи банди 1. ва банди 3 моддаи 19.27 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР) ҷазо дода мешавад. Истифодаи корти қалбакии муҳоҷират – ин ҷинояти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 327-и КҶ-и ФР («Истифодаи баръалои ҳуҷҷати қалбакӣ»): барои содир намудани он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд – аз ҷаримаи калон то ҳабс ба мӯҳлати то 6 моҳ.

      Ҳамчун супоришҳои амалӣ тавсия медиҳем, ки корти муҳоҷиратиро дуруст пур кунед– намунаи ҳуҷҷатро дар сомонаи СРММ ВКД-и Россия, ё дар ин китобча пайдо кардан мумкин аст.

ҚОНУНГУЗОРӢ

а) «Дар бораи қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия» (Қонуни федералӣ аз 18.06.2006) N 109-ҚФ);

b) «Дар бораи тартиби баромадан аз Федератсияи Россия ва вуруд ба Федератсияи Россия» (қонуни федералии аз 15.08.1996 N 114-ҚФ);

c) «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вазъи шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» (қонуни федералӣ аз 25.07.2002 № 115-ҚФ)

d) Қарори Ҳукумати ФР аз 16 августи соли 2004 № 413 «Дар бораи корти муҳоҷират».

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Маълумотҳои тамосии шӯъбаҳои Хадамоти сарҳадии ХФА-и Россияhttp://ps.fsb.ru/regions.htm
Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россияhttps://мвд.рф/mvd/structure1/ Glavnie_upravlenija/guvm

       2. БАҲИСОБГИРИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ФР

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

 Ҳангоми ба Россия омадан, ҳар як муҳоҷир бояд дар шӯъбаи муҳоҷират дар ҷои будубош дар давоми 7 рӯзи корӣ ба қайд гирифта шавад. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон мӯҳлати бақайдгирии муҳоҷират 15 рӯз мебошад.

    Бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ дар шӯъбаи муҳоҷират аз ҷониби тарафи қабулкунанда анҷом дода мешавад:

  • шаҳрванди ФР, ки дар минтақаи будубоши Шумо ба қайд гирифта шудааст;
  • шаҳрванди хориҷӣ, ки ба таври доимӣ дар қаламрави ФР истиқомат мекунад (дар маҳалли истиқомат қайди доимӣ дорад, иҷозат барои истиқомат дорад);
  • шахси ҳуқуқӣ: ташкилоти кордиҳанда, меҳмонхона.

      Барои бақайдгирии муҳоҷират дар ҷойҳои зерин сабти ном шудан мумкин аст:

d) дар бинои истиқоматие, ки муҳоҷир дар он ҷо зиндагӣ мекунад;

e) дар суроғаи корфармо – дар ҷои кор, ё маҳалли ҷойгиршавии объекти сохтмон (танҳо    дар сурати дар он  ҷо зиндагӣ  кардан; дар чунин  ҷои  истиқомати муваққатӣ (масалан, дар биноҳои муваққатӣ), ҷой барои хоб, истироҳат ва хӯрокхӯрӣ бояд таҷҳизонида шавад).

       Барои бақайдгирии муҳоҷират ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

1. шиноснома;
2. нусхаи шиноснома (ҳамаи саҳифаҳои шиноснома);
3. корти муҳоҷират;
4. нусхаи корти муҳоҷират;
5. полиси тиббӣ;
6. нусхаи полиси тиббӣ;
7. нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи бино: ин метавонад шаҳодатномаи  моликият, ё иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии амволи ғайриманқул бошад.

     Барои баҳисобгирии муҳоҷират дар ҷойҳои зерин сабти ном шудан мумкин аст:

  1.  дар шӯъбаҳои минтақавии Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россия;
  2. дар Марказҳои бисёрсоҳавии пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ (МБС);
  3. дар шӯъбаҳои КВДФ «Почтаи Россия».

        Тартиби бақайдгирии муҳоҷират инҳоро дар бар мегирад:

  • Пур кардани варақа-огоҳиномаи махсус оид ба расидани шаҳрванди хориҷӣ ба ҷои будубош.

        Варақа-огоҳинома ройгон дода мешавад:

1. дар шӯъбаҳои минтақавии Раёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россия;
2. дар Марказҳои бисёрсоҳавии пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ (МБС)
3. дар шӯъбаҳои КВДФ «Почтаи Россия».

  Дар ҳарду қисмҳои огоҳинома суроғаи будубош, маълумоти шахсии тарафи қабулкунанда ва маълумотҳои шахсии шаҳрванди хориҷӣ бояд нишон дода шаванд. Тарафи қабулкунанда – шаҳрванд имзои худро дар варақа мегузорад ва ташкилоти қабулкунанда – мӯҳр ва имзои роҳбарро.

     Фиристодани огоҳинома бо нусхаи шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, нусхаи шиносномаи шаҳрванди ФР (тарафи қабулкунанда) ва нусхаи корти муҳоҷират тавассути КВДФ «Почтаи Россия» дар Раёсати масоили муҳоҷирати ВКД Россия дар минтақаи будубош.

  Пешниҳоди огоҳинома бевосита ба шӯъбаи Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Россия ройгон аст.

  Ҳангоми бақайдгирии муҳоҷират дар МБС, огоҳинома ба хадамоти муҳоҷират аз ҷониби кормандони маркази бисёрсоҳавӣ фиристода мешавад.

      Гирифтани варақаи огоҳии кандашаванда бо нишона дар бораи қабули  ҳуҷҷат аз кормандони Сарраёсати масоили муҳоҷират ВКД Россия дар минтақаи будубош, МБС, ё КВДФ «Почтаи Россия».

3.      ТАМДИДИ БАҚАЙДГИРИИ МУҲОҶИРАТ

  Якумин бақайдгирии муҳоҷират ҳуқуқи истиқомат дар Россияро дар суроғаи мушаххас дар давоми 90 рӯз аз рӯзи ворид шудан тасдиқ мекунад. Асос барои тамдиди мӯҳлати будубош дар Россия барои зиёда аз 90 рӯз патенти пардохтшудаи кор мебошад.

  Пардохти патенти кор маънои тамдиди автоматикии бақайдгирии муҳоҷиратро надорад – бояд худатон мӯҳлати будубоши худро дар ФР тамдид кунед.

  Дар асоси патенте, ки барои кор гирифта шудааст, шаҳрванди ҶТ бояд бақайдгирии муҳоҷирати худро дар Федератсияи Россия ба Шумораи моҳҳое, ки патенти кор пардохта шудааст, тамдид кунад, вале на бештар аз як сол аз рӯзи ворид шудан.

  Барои тамдиди бақайдгирӣ шаҳрванди ҶТ, ё тарафи қабулкунанда бояд ба шӯъбаи СРММ ВКД ФР дар маҳалли будубош муроҷиат кунад ва инҳоро пешниҳод намояд:

  • нусхаи ҳамаи саҳифаҳои шиноснома;
  • корти муҳоҷират ва нусхаи он;
  • огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷират ва нусхаи он;
  • расид дар бораи пардохти патенти кор (расид дар бораи пешпардохти андоз) барои мӯҳлати тамдиди бақайдгирӣ;
  • нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо корфармо.

  Тартиб ва мӯҳлати баҳисобгирии муҳоҷират бо назардошти ҳолатҳои махсус метавонад тағйир дода шавад: масалан, дар робита бо эпидемияи коронавирус дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18.04.2020 № 274, дар давраи аз 15 март то 15-уми сентябри соли 2020 ҳамчунин бо ҳисоб кардани худи ин рӯз, давомнокии давраи будубоши муваққатӣ, инчунин мӯҳлатҳои бақайдгирӣ дар маҳалли истиқомат, ё будубош, агар ин мӯҳлатҳо дар мӯҳлати зикршуда ба охир расанд, боздошта мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки бақайдгирии муҳоҷирати хориҷиён дар ин вақт ба таври автоматикӣ тамдидшуда ҳисобида мешавад, ба Шумо лозим нест, ки ба Раёсати масоили муҳоҷирати ВКД Россия барои тамдиди он муроҷиат кунед.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

  Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар муддати 15 рӯз аз рӯзи ворид шудан ба ФР огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷират ба расмият дароранд. Бо вуҷуди ин, маслиҳат медиҳем, ки ҳарчи зудтар барои муҳоҷират сабти ном кунед – дар ҳафтаи аввал аз лаҳзаи ворид шудан: бақайдгирӣ барои гирифтани патенти кор дар ФР лозим аст ва Шумо бояд дар муддати 30 рӯз аз лаҳзаи ворид шудан патент гиред, барои ҳамин инро кашол надиҳед.

  Аз ҳама муҳим дар ҷараёни бақайдгирии муҳоҷират ин тарафи қабулкунанда мебошад. Пур кардани ҳама варақаҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо масъулияти шахсе мебошад, ки ба шаҳрванди ҶТ манзил пешниҳод мекунад. Шумо бояд пешакӣ донед, ки ба назди кӣ меравед ва дар куҷо истиқомат мекунед, инчунин оиди бақайдгирии муҳоҷират дар суроғаи истиқомат мувофиқа кунед.

  Барои бақайдгирии муҳоҷират бояд якҷоя бо тарафи қабулкунанда муроҷиат кунед. Агар Шумо дар хобгоҳ, ё меҳмонхона ҷойгир карда шуда бошед, аз ҷумла аз ҷониби корфармо пешниҳод шуда, тибқи қонун Шумо бояд дар давоми 1 рӯзи корӣ аз лаҳзаи вуруд ба қайди муҳоҷират гирифта шавед. Хобгоҳ ё ташкилоте, ки Шумо дар ҳудуди он зиндагӣ мекунед, бояд бақайдгирии Шуморо назорат кунад ва дар ҳолати зарурӣ онро тамдид намояд.

  Агар Шумо ҷои истиқомататонро иваз кунед, бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ дар шӯъбаи муҳоҷират дар суроғаи нав ба қайд гирифта шавед. Ҳангоми қайди нави муҳоҷират зарур аст, ки ҳамон ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шаванд ва пас аз 2 моҳи кор дар Россия , инчунин замимаи нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо корфармо лозим аст.

  Мо ба Шумо маслиҳат медиҳем, ки нусхаи огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷиратро гиред – ин барои барқарор кардани ҳуҷҷат дар идораи СРММ ВКД ФР дар харобшавӣ, ё гумшавӣ кӯмак мекунад. Агар Шумо огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷиратро гум карда бошед– барқарор кардани он дар давоми 3 рӯзи корӣ имконпазир аст, барои ин корти муҳоҷиратиро пешниҳод кардан лозим аст.

  Зиндагӣ дар маҳалли бақайдгирӣ хеле муҳим аст ва маҳз дар ҷои зист ба қайд гирифтан хеле муҳим аст. Аз шаҳрванди ҶТ, ки дар макони бақайдгирӣ зиндагӣ намекунад, дар Санкт-Петербург, вилояти Ленинград, ш. Москва ва вилояти Москва аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима гирифта мешавад, бо бадар кардан аз Россия ва манъи вуруд дар муддати 5 сол (мутобиқи моддаи 18.8 банди 3 ва моддаи 19.27, қисми 3-и КҲМ ФР). Ҳамон намуди ҳуқуқвайронкунӣ дар дигар минтақаҳои ФР низ бо ҷарима ба андозаи аз 2 то 5 ҳазор рубл бо бадаркунии эҳтимолӣ аз Россия ҷазо дода мешавад.

  Огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷиратро бояд ҳамеша бо худ дошта бошед.

  Мо ба Шумо маслиҳат медиҳем, ки пешакӣ пур кардани огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷиратро омӯзед – варақаи ҳуҷҷатро аз ин ҷо метавонед зеркашӣ кунед: https://мвд.рф/Deljatelnost/emvd/guvm/осуществлени- е-миграционного-учета/

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • «Дар бораи қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар
  • Федератсияи Россия» (Қонуни федералӣ аз 18.07.2006, №109 ҚФ);
  • Кодекси Федератсияи Россия оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ ФР);
  • Фармони ВКД Россия аз 30 июли соли 2019. № 514 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои  маъмурии ВКД ФР оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ барои татбиқи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ФР»;
  • Қарори Ҳукумати ФР аз 15 январи соли 2007 № 9 «Дар бораи тартиби амалӣ намудани қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия»;
  • Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 № 274 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия бо сабаби дар робита ба хатари паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус (COVID-19)».

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Сомона барои зеркашӣ кардани «Варақа-огоҳинома»https://мвд.рф/Deljatelnost/emvd/guvm/осу- ществление-миграционного-учета/
Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россияhttps://мвд.рф/mvd/structure1/Glavnie_ upravlenija/guvm/
Тартиби бақайдгирии муҳоҷират дар вилояти Ленинградhttps://migrantlenobl.ru/migracionnyj-uchyot/
Тартиби бақайдгирии муҳоҷират дар Санкт-Петербургhttp://migrantinfo.kmormp.gov.spb.ru/ migracionnoe-zakonodatelstvo/postanovka-na- migracionnyj-uchet/
Навори БФ «ПСП-фонд» – «Бақайдгирии муҳоҷират»https://www.youtube.com/watch?v=JE5c- 6XuF2o&t=9s