Categories
Хабарҳо

Ба қаламрави Россия барои кор дар соҳаи сохтмон тақрибан 14 ҳазор муҳоҷир ворид шуд

Поделиться

Аз моҳи декабри соли 2020 тақрибан 14 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, асосан аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ба қаламрави Россия барои кор дар соҳаи сохтмон, ворид шуданд.

     Дар айни замон, дар Россия на камтар аз 1 миллиону 200 ҳазор бинокор намерасад. Дар ин бора Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Россия Ирек Файзуллин хабар дод.

     “Мушкилоти кадрӣ вуҷуд дорад. Шумораи зиёди бинокорон, ки аз кишварҳои ҳамсоя омада буданд, бо сабаби коронавирус маҷбур шуданд, ки раванд. Бо тарзи “назорати дастӣ”, мо бинокоронро ворид мекунем, аммо механизми оммавӣ барои таъмини воридот ҳоло ҳам ташкил нашудааст. Мо бояд боз на кам аз 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷирони меҳнатиро барои кор даъват кунем ”, –  гуфт Ирек Файзуллин ба хабарнигори ТАСС.

     Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Никита Стасишин, муовини Вазири сохтмон ва манзилию коммуналии Россия, тақрибан 14 ҳазор муҳоҷир, асосан аз Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз моҳи декабри соли 2020 барои кор дар соҳаи сохтмон ба Россия ворид шуданд.

     Тартиби соддакардашуда ба интиқоли муҳоҷирон меҳнатӣ ба фоидаи корҳои сохтмонӣ нигаронида шудааст, дар ҳоле, ки корфармо вазифадор аст қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россияро риоя кунад ва назорати санитарию эпидемиологиро таъмин намояд.

     Манбаъ қайд мекунад, ки қаблан Президенти Россия Владимир Путин ба ҳукумати Россия супориш дода буд, ки ҳалли ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо то 1 марти соли 2021 бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ ҳал кунанд.

Дар асоси маводҳои ТАСС