Categories
Хабарҳо

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд!

Поделиться

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19” аз 18 апрели 2020, №274 ба таври худкор (автоматӣ) муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ дароз карда мешаванд.

Кадом чораҳо бояд андешида шаванд?

​    Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.

​ ​ ​ ​ ​ Агар шумо будубоши худро дар​ Федератсияи Россия​ то 15 июни соли​ равон ба расмият надароред, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия мань аст, шомил мешавед. Рӯйхати ном ба номи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст.

​ ​ Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем, ки барои муайян ва огоҳ намудани онҳо ҷиҳати расмикунонии будубошашон дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед:

1. ш. Душанбе:​ 225058; 2210840, 2210834

2. ВМКБ:​          8(3522)-2-29-76 ;​ 2-29-76

3. в. Суғд:         8(3422) -6-52-99:​ 6-31-99

4. в. Хатлон:     8(3222)-2-38-08;​ 2-43-00

​ ​ Илова бар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, барои гирифтани маьлумоти иловагӣ метавонанд ба кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Федератсияи Россия бо суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:

  1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049,​

                  ​       +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;

2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;

3. ш. Екатеринбург:       +7 (982) 739 8998;

4. ш. Новосибирск:        +7(965)3586161;

5. ш. Уфа:                       +7 (915) 4883223;

6. ш. Краснодар:            +7(929)540 88 88;

7. ш. Хабаровск:            +7 (909)809 5548;

8. ш. Астрахан:              +7(977)2720001.

E-mail:​ predmintruda@gmail.com,​ www.tajmigration.ru

E-mail:​ info@mehnat.tj

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон