Categories
Хабарҳо

Ба наздики теъдоди «депорт» кам мешавад

Поделиться

Дар Россия мехоҳанд, аз “депорти” муҳоҷирони меҳнатие, ки ҳуқуқвайронкуниҳои ночиз кардаанд, бекор намоянд. Интизор меравад, рӯйхати ҳуқуқвайронкуниҳо барои “депорт” бозбинӣ шавад.

     Вазорати корҳои дохилии Россия ҳамроҳ бо қонунгузорон ҳоло ба таҳияи санаде машғуланд, ки муҳоҷиронро аз “депорт” ҳифз мекунад, менависад “Парламентская Газета”.

     Таҳиягарон мегӯянд, қобили қабул нест, ки хориҷиён бо сабаби ҳуқуқвайронкуниҳои ночиз аз оилаҳои худ ҷудо карда шаванд. Аз ин рӯ баррасии рӯйхати ҳуқуқвайронкуниҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои онҳо метавонад аз Федератсияи Россия хориҷ карда мешаванд, муҳим аст.

     Ба гуфтаи Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон, нусхаи якуми лоиҳа бояд моҳи апрели соли 2021 омода шавад. Пас аз он, вакилон гурӯҳи корӣ таъсис медиҳанд, то ин санадро бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ кунанд.

     Виктор Водолатский афзуд, имрӯзҳо якчанд ҷарима, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид намекунанд, метавонанд муҳоҷиронро солҳои дароз аз оилаҳояшон ҷудо кунанд. Ҳуҷҷати нав бояд вазъро тағйир диҳад.

     “Агар муҳоҷир дар тӯли як сол ду ҷарима гирад, вайро аз Россия барои се сол ихроҷ мекунанд. Агар зиёда аз ду қонуншиканӣ бошад, ба муддати панҷ сол. Дар сурати ихроҷи такрорӣ, манъи вуруд ба Россия даҳ сол давом мекунад”, – шарҳ дод коршинос.

     Виктор Водолатский тавзеҳ дод, ки қонуншиканиҳои сабук аз ҳуҷҷати мавҷуда хориҷ карда мешаванд ва онҳое, ки воқеан хатари ҷамъиятӣ доранд, боқӣ хоҳанд монд.
 
Дар асоси маводҳои “Парламентская Газета” ва sputnik-tj.com