Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ПАТЕНТИ КОР

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

       Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуғли қонунӣ дар қаламрави ФР, ҳам бо шахсони ҳуқуқӣ (дар ташкилот, ё соҳибкори инфиродӣ) ва ҳам бо шахсони воқеӣ (масалан, соҳибони хонаҳо ва ғайра) бояд патенти кор гиранд.

       Шумо метавонед танҳо пас аз расидан ба синни 18 дар Россия кор кунед ва патент гиред.

       Дар ҳар минтақаи ФР танҳо як ташкилоти ваколатдор амал мекунад, ки барои ба расмият даровардани патенти кор ҳуҷҷатҳоро қабул менамояд. Шумо бояд ин ташкилотро бидонед ва фавран пас аз бақайдгирии муҳоҷират ба он ҷо муроҷиат кунед

       Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патенти кор – 30 рӯз аз лаҳзаи вуруд ба ФР. Барои вайрон кардани мӯҳлати ба расмият даровардани патент ҷарима аз 10000 то 15000 рубл муқаррар карда мешавад (Моддаи 18.20 КҲМ ФР).

Дар асоси патент ихтисоси шаҳрванди хориҷӣ тибқи таснифоти умумии касбҳои Россия нишон дода мешавад. Ихтисос дар патенти кор дар Москва нишон дода намешавад, Шумо метавонед дар ҳама гуна ихтисос кор кунед.

Патент ҳуқуқ медиҳад, ки дар қаламрави минтақаи ФР дар муддати амали он кор кунед ва аз рӯи ихтисоси дар патент нишондодашуда бо ҳама гуна корфармо – чи шахси инфиродӣ ва чи ташкилот – дар ҳама гуна ҷои ин минтақа кор кунед.

Кор бидуни патент, инчунин на аз рӯи ихтисоси дар патент нишон додашуда, бо ҷарима дар ҳаҷми аз 5000 то 7000 рубл ва хориҷкунии маъмурӣ аз ФР (моддаи 18.10 КҲМ ФР) ҷазо дода мешавад.

     Барои ба расмият даровардани патент зарур аст:

  • ариза дар бораи додани патент (варақаи ариза ва намунаи пур кардани онро метавон дар шӯъбаҳои СРММ ВКД ФР, ё дар сомонаи гувм.вкд.фр ройгон дастрас кардан мумкин);
  • шиноснома ва нусхаи шиноснома;
  • акс бо андозаи 3х4 ранга, беҷило;
  • огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷират ва нусхаи он;
  • тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ ба таври нотариалӣ тасдиқшуда – дар идораи нотариалӣ, ки дар он тарҷумон ҳаст, тайёр карда мешавад;
  • корти муҳоҷиратӣ, ки бо мақсади ишорашудаи вуруд «кор» ва бо мӯҳр дар бораи воридшавӣ ва нусхаи он;
  • хулосаи тиббӣ ва шаҳодатнома дар бораи мавҷуд набудани бемориҳои нашъамандӣ ва сироятӣ, ки ба дигарон хатарноканд, инчунин сирояти ВНМО – дар муассисаи махсуси тиббӣ пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ ба расмият дароварда мешавад;
  • шаҳрвандони Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки “хулосаи тиббӣ оид ба коршоямии касбӣ барои иҷрои кори супоридашуда” – маълумотномаи шакли 086/у, ки дар Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, пешниҳод кунанд;
  • полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ) барои шаҳрвандони хориҷӣ;
  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ, донистани таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР – чунин ҳуҷҷат метавонад шаҳодатнома дар бораи гузаштани санҷиш бошад.
  • расид дар бораи пардохти АДШВ (пешпардохти андоз барои истифодаи патент) барои муддати аз 1 моҳ. Пардохт дар ҳама гуна шӯъбаҳои Бонки амонатии ФР амалӣ карда мешавад.

     Патентро дар шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии СРММ ВКД Россия дар минтақаи Шумо 10 рӯз пас аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо гирифтан мумкин аст.

     Ҳангоми барасмиятдарории патенти кор ба муҳоҷир РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда) ва РССИШ (рақами суғуртавии суратҳисоби инфиродии шахсӣ) дода мешавад – ин ҳуҷҷатҳо барои корфармо барои пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ зарур мебошанд.

Дар асоси патенти гирифташуда, Шумо метавонед ба таври мунтазам баҳисобгирии муҳоҷиратиро тамдид кунед – мӯҳлати амали бақайдгириатон.

Намунаи патенти кор

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

     Дар ФР бисёр миёнаравон (ташкилотҳо, ё шахсони алоҳида) ҳастанд, ки дар гирифтани патент кӯмаки пулакӣ мерасонанд. Эҳтиёт бошед, ки ба фиреб нахӯред:

  • ба кӯмаки «шахсони инфиродӣ» – ҳамватанон, бригадирон, миёнаравон муроҷиат накунед, ҳатто агар онҳо шахсан ба Шумо шинос бошанд: худи онҳо аксар вақт ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тайёр мекунанд;
  • агар Шумо барои кӯмак ба ташкилоти миёнаравӣ муроҷиат карда бошед, ҳатман шартномаҳо оид ба расонидани хизматҳо имзо кунед. Ин шартномаҳоро бодиққат хонед – дар онҳо бояд ҳатман намуди хизматрасонӣ (кӯмак дар омода намудан ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо), нархи хизматрасонӣ, масъулияти ташкилот барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояш нишон дода шуда, мӯҳри ташкилот ва имзои роҳбар монда шуда бошад;
  • то ба даст гирифтани ҳуҷҷатҳоятон, санадҳои хизматрасониро имзо накунед. Бодиққат бошед – чунин санадҳо метавонанд ба матни шартномаи асосӣ дохил карда шаванд;
  • ҳангоми пардохти хизматрасониҳои миёнаравӣ, ҳатман, расидҳои тасдиқкунандаи қабули маблағи Шумо аз ҷониби ташкилоти миёнаравро талаб кунед. Боварӣ ҳосил намоед, ки маблағ дар расидҳо дуруст нишон дода шуда бошад;
  • ҳатто ҳангоми ба миёнаравон муроҷиат намудан, Шумо бояд ШАХСАН аз муоинаи тиббӣ, санҷиши донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузорӣ гузаред.

     Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо Шумо бояд аз расмиёти бақайдгирии дактилоскопӣ (гирифтани нақши ангушт) ва аксбардорӣ гузаред. Агар миёнарав инро талаб накунад, ӯ Шуморо фиреб медиҳад;

  • ягон ташкилот, ё шахси воқеӣ ҳуқуқ надорад ба ҷои Шумо ҳуҷҷатҳо қабул кунад. Шумо бояд ҳуҷҷатҳоятонро дар шӯъбаи масоили муҳоҷирати меҳнатии СРММ дар минтақаи худ ШАХСАН қабул намоед.

     Дар ҳар минтақаи Россия танҳо як ташкилоти ваколатдор амал мекунад, ки барои ба расмият даровардани патенти кор ҳуҷҷатҳоро қабул менамояд.

  • дар ш. Москва – Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати шаҳри Москва;
  • дар вил. Москва – Маркази ягонаи муҳоҷират вилояти Москва;
  • дар Санкт-Петербург ва вил. Ленинград – КВФД «Хадамоти шиносномавию раводид»-и ВКД Россия.

     Дар аксари минтақаҳои Россия ташкилотҳое, ки бастаи ҳуҷҷатҳо барои  ба расмият даровардани патенти кор, қабул мекунанд, дар тобеияти КВФД «Хадамоти шиносномавию раводид»-и ВКД Россия мебошанд.

     Аксар марказҳои муҳоҷират аз рӯи принсипи «равзанаи ягона» кор мекунанд ва ба муҳоҷир тамоми хизматрасониҳои заруриро пешкаш мекунанд. Арзиши ба расмият даровардани патентҳои кор аз минтақа ва хизматрасонии марбута вобаста аст ва метавонад ба таври назаррас фарқ кунад: масалан, ба расмият даровардани патент дар Москва 14000-18000 рубл, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград – 24000-27000 рублро ташкил медиҳад.

Шумо метавонед ҳақиқӣ будани патенти корро дар сомонаи расмии Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Россия тафтиш кунед: https://гувм.мвд. рф дар қисмати «Хизматрасонӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират» – «Тафтиши аслияти иҷозат барои кор ва патентҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ».

Ҳаҷми пардохтҳои ҳармоҳа барои патенти кор дар минтақаҳои гуногуни ФР фарқ мекунад ва ҳар сол аз ҷониби ҳукумати ҳар як минтақа муқаррар карда мешавад – эҳтиёт шавед, аз тағйирот воқиф бошед.

Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 № 274, то 15 сентябри соли 2020 шаҳрвандони ҶТ метавонанд барои гирифтан ва аз нав ба расмият даровардани патенти кор ҳуҷҷатҳоро бидуни назардошти: мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, мақсади ташриф ба ФР, баромад ва вуруд ба ФР, пешниҳод намоянд.

Намунаи ариза дар бораи додани патенти кор

        

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Қонуни федералӣ аз 25 июли соли 2002 N 115-ҚФ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» – моддаи 13.3. «Хусусиятҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Федератсияи Россия дар асоси патент, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунад, омадаанд»;
  • Фармони ВКД Россия аз 14.08.2017 с. № 635.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россия:  
 Дар шаҳри Москваhttps://77.мвд.рф/ms      Тел: 8 (495) 587-07-87
 Дар вилояти Москваhttps://увм.50.мвд.рф/    Тел: 8 (926) 224-74-28
 Дар шаҳри Санкт-Петербург ва  вилояти Ленинградhttps://78.мвд.рф/ms Тел: 8 (812) 573-37-22,  8 (812) 573-30-02
Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират:
 Дар шаҳри Москваhttps://mc.mos.ru/ru      Тел: 8 (495) 777-77-77
 Дар вилояти Москваhttp://emcmo.mosreg.ru/ Тел: 8 (926) 956-33-33
 Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградhttp://spb.pvsmvd.ru Тел: 8 (812) 318-01-22
 Марказҳои муҳоҷиратӣ – филиалҳои КВФД «Хадамоти шиносномавию раводид»-и ВКД Россия  http://pvsmvd.ru/?q=node/15
 Барои омодагӣ ва тасдиқи аслияти патенти корро тафтиш намудан сомонаи расмии СРММ ВКД Россия.http://сервисы.гувм.мвд.рф/ info-service.htm?sid=2060
 Барои гирифтани патенти кор ба куҷо муроҷиат карданро, Шумо метавонед дар ин сомона пайдо намоед.http://migrussia.ru/ дар қисмати «Маълумот дар бораи минтақаҳо»