Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

Ба расмият даровардани шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ, шартномаи пудрат

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ ҳангоми бо кор таъминшавӣ (шартномаи дорои хусусияти гражданӣ-ҳуқуқӣ, ХГҲ) – созишнома дар бораи хизматрасонӣ. Чу- нин шартномаҳоро ҳам бо шахси воқеӣ ва ҳам бо ташкилот бастан мумкин аст. Шартномаҳои дорои ХГҲ байни ду тараф Фармоишгар ва Иҷрокунанда баста мешавад.

Намунаҳои чунин шартномаҳо:

  • шартномаи пудрат, аз ҷумла сохтмонӣ;
  • шартномаи хизматрасонӣ.

Аксар вақт дар асоси шартномаҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ ширкатҳои аутсорсингӣ (масалан, оид ба ташкили кори фаррошон, дарбонон, коргарони ёрирасон), ки коргарони худро ба иҷора ба корфармоёни дигар медиҳанд: ба сохтмонҳо, гипер- маркетҳо ва ғайра,бо муҳоҷирон муносибат ба расмият медароранд.

Барои бастани шартномаи дорои ХГҲ ба иҷрокунанда чунин ҳуҷҷатҳо лозиманд:

  1. Шиноснома;
  2. РССИШ;
  3. РМА;
  4. Патенти кор.

Шумо бояд нусхаи шартномаи гражданӣ-ҳуқуқиро, ки аз ҷониби фармоишгар имзо шудааст, ба дасти худ гиред.

Дар шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ бояд инҳо зикр карда шаванд:

  • насаб, ном, номи падар ва маълумоти шиносномавии корманд;
  • насаб, ном, номи падар, ном ва суроғаи ҳуқуқии корфармо;
  • ҷои кор – суроғаи воқеии ташкилот, суроғаи иншоот;
  • санаи оғози кор, мӯҳлати иҷрои кор/хизматрасонӣ;
  • ҳаҷми кор;
  • шароит, реҷаи меҳнат ва андозаи мукофотпулӣ;
  • тартиб ва мӯҳлати пардохти мукофотпулӣ;
  • кафолати пардохти мукофотпулӣ;
  • вазифа ва масъулияти корфармо – масалан, таъмини асбобҳои корӣ ва ғайра;
  • вазифа ва масъулияти корманд;
  • имзо ва мӯҳри корфармо, имзои корманд;
  • рақами шартнома ва санаи ба имзо расидани он.

Иҷрои шартҳои шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ ва хизматрасонӣ бо санади қабул ва супоридани кори иҷрошуда тасдиқ карда мешавад, ки дар он корманд ва корфармо тасдиқ мекунанд, ки кор ба охир расидааст, мукофотпулӣ аз ҷониби корманд қабул шудааст ва тарафҳо даъвоҳои мутақобила надоранд. Санад дар 2 нусха тартиб дода ва имзо карда мешавад – яке бо корфармо, дигаре дар корманд боқӣ мемонад.

Шумо ҳуқуқ доред:

  • аз иҷрои корҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии корманд хатарнок аст, даст кашед;
  • талаб кунед, ки ба Шумо нусхаи ҳамаи созишномаҳо, варақаи пардохт ва дигар маълумотномаҳоро оид ба мӯҳлат ва андозаи мукофотпулӣ пешниҳод кунанд;
  • барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба Нозироти давлатии меҳнат, Прокуратура ва суд муроҷиат кунед.

Тибқи шартномаи дорои ХГҲ иҷрокунанда метавонад дар якчанд лоиҳаҳо кор кунад ва ба ҳамин тариқ даромад ва шуғли худро ба танзим дарорад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданӣ-ҳуқуқӣ, Шумо иҷрокунандаи кор, ё хизматрасонӣ тибқи шартнома бо фармоишгар мебошед. Шумо вобаста ба ҳаҷми кори иҷрошуда, мӯҳлат, натиҷа ва сифати он мукофотпулӣ мегиред, на музди меҳнат. Аксари хатарҳо ва масъулиятҳо барои иҷрои кор тибқи шартномаҳои дорои ХГҲ ба зиммаи Шумост ва фармоишгар ӯҳдадор нест, ки ба корманд рухсатии беморӣ, рухсатии меҳнатӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ пешниҳод кунад.

Имзои чунин шартномаҳо дониши амиқи забони русӣ ва шиносоии ҳаматарафа бо матни шартномаро талаб менамояд. Шартномае, ки бо шартҳои он Шумо розӣ нестед, имзо накунед: Шумо иштирокчии баробарҳуқуқи чунин созишнома мебошед ва метавонед шартҳои худро пешниҳод кунед!

Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳаҷм, нишондиҳандаҳои сифат, мӯҳлат ва арзиши кор дақиқ муайян шудаанд – мукофотпулии Шумо аз ин вобаста хоҳад буд. Дафтарчаи корӣ ташкил кунед ва ҳама ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва ҳисоботиро оид ба иҷрои дар он нигоҳ доред – дар ин қоғазҳо ҳатман бояд имзо ва мӯҳри фармоишгар бошад.

Ҳатман ба шартҳои пардохти мукофотпулӣ диққати махсус диҳед, онҳо метавонанд аз вақт, сифат ва ҳаҷми корҳои анҷомдодашуда вобаста бошанд ва метавонанд бо дигар шартҳои иловагӣ муайян карда шаванд.

Аксар вақт санади қабули кор, ё хизматрасонӣ аз ҷониби корфармо дар матни шартнома гузошта мешавад. Эҳтиёт бошед – то гирифтани мукофотпулӣ ба санади қабул ва супоридани кори иҷрошуда имзо нагузоред. Як нусхаи санад бояд дар дасти Шумо монад.

Дар хотир доред – шартҳои шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ наметавонанд хилофи қонунҳои Россия бошанд! Корфармо ҳақ надорад ба Шумо маҷбуран кор фармояд, ҷарима гирад, мукофотпулӣ надиҳад, ҳангоми ташкили кори Шумо стандартҳои бехатариро пешниҳод накунад, бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ Шуморо ба кор ҷалб кунад. Дар ҳама ҳолатҳое, ки дар шартнома зикр нашудааст, корфармо бояд мувофиқи қонунҳои Россия амал кунад, аз ҷумла меҳнатӣ. На Шумо ва на фармоишгар ӯҳдадор нестед, ки СРММ ВКД Россияро дар бораи бастани шартномаи пудрат, ё хизматрасонӣ огоҳ кунед.

Ҳангоми бастани шартномаҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ корфармоён аксар вақт умед доранд, ки худро аз кафолат ва масъулият дар назди корманд озод ку- нанд. Бодиққат бошед – агар Шумо дар як ташкилот ва як вазифа доимо кор кунед, бо Шумо бояд маҳз шартномаи меҳнатӣ баста шавад.

Тағйир додани ХГҲ ба шартномаи меҳнатӣ бо мувофиқаи тарафҳо, амр- номаи нозироти меҳнат, ё ба воситаи суд мумкин аст. Дар ҳолати аввал иҷрокунанда ба номи корфармо ариза менависад ва аз корфармо хоҳиш менамояд, ки муносибатҳоро меҳнатӣ эътироф намояд, агар ӯ дар асоси доимӣ кор кунад.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • «Кодекси граждании Федератсияи Россия (қисми дуюм)» аз 26.01.1996, № 14- ҚФ:
    • Боби 37. Пудрат
    • Боби 39. Хизматрасонии пулакӣ

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Маълумоти тамосии нозироти минтақавии давлатии меҳнатhttps://rostrud.gov.ru/inspections/
Портали интернетии системаи давлатии автоматикунонидашудаи «Правосудие» (Адолат): маълумоти тамосии судҳо дар минтақаҳои ФР  https://sudrf.ru/
Сомонаи прокуратураи генералии ФРhttps://genproc.gov.ru/