Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

Ба расмият даровардани шартномаи меҳнатӣ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Шартномаи меҳнатӣ – ин созишномаи байни корманд ва корфармо, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро муайян мекунад (дар асоси моддаи 15, 16, 56 КМ ФР). Тибқи шартномаи меҳнатӣ корманд ӯҳдадор мешавад, ки корро дар вазифаи муайян шахсан иҷро кунад ва ба реҷаи дохилии меҳнатӣ риоя кунад; корфармо ӯҳдадор аст, ки бо кор таъмин кунад, шароити мӯътадили корӣ ва музди меҳнати саривақтиро таъмин намояд.

Дар шартномаи меҳнатӣ ҳатман маълумоти зерин ишора карда мешавад (дар асоси моддаи 57 КМ ФР):

  • насаб, ном, номи падар ва маълумоти шиносномавии корманд;
  • насаб, ном, номи падар, ном ва суроғаи ҳуқуқии корфармо;
  • маълумоти полиси суғуртаи ихтиёрии тиббии корманд;
  • вазифа ва ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд;
  • ҷои кор – суроғаи воқеии ташкилот;
  • санаи оғози кор, мӯҳлати амалӣ шартнома;
  • шартҳои пардохти меҳнат, андозаи музди меҳнат, маош, илова ба маош;
  • тартиб ва мӯҳлати пардохти музди меҳнат;
  • низоми вақти корӣ;
  • шартҳои суғуртаи иҷтимоии ҳатмии корманд – рухсатии ҳарсолаи пардохт- шаванда (на камтар аз 28 рӯзи корӣ), рухсатии беморӣ (ҳангоми беморӣ) ва суғурта барои ҳолатҳои фалокат (моддаҳои 115, 183, 327.3 КМ ФР);
  • имконияти иҷрои кор дар дигар ташкилот.

Корфармо вазифадор аст (тибқи моддаи 22 КМ-и ФР):

  • бидуни таъхир ва тарҳҳо ба Шумо музди меҳнатро пардохт кунад;
  • ҷои кореро пешниҳод кунад, ки ба стандартҳои бехатарии меҳнат мувофиқ бошад;
  • мӯҳлати будубоши муваққатии Шуморо дар қаламрави ФР ба мӯҳлати эътибори патенти кор дароз кунад;
  • Шуморо дар бораи қоидаву дастурҳои махсуси қабулкардаи ташкилот огоҳ кунад;
  • дар сурати осеби истеҳсолӣ ва фалокат, зарари ба Шумо расонидашударо ҷуброн кунад;
  • ба табъизи кормандони хориҷӣ, кормандон дар вақти раванди меҳнатӣ роҳ надиҳад.

Шумо ӯҳдадоред:

  • шартҳои шартномаи меҳнатиро софдилона иҷро намоед;
  • дар бораи аз кор рафтан корфарморо ба таври хаттӣ 14 рӯз пештар огоҳ намоед;
  • қоидаҳои меҳнат ва техникаи бехатариро риоя кунед;
  • бо амвол ва асбоби корфармо эҳтиёткорона рафтор кунед;
  • дар бораи вазъе, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид мекунад, ба корфармо хабар диҳед;
  • дар барасмиятдарории дафтарчаи меҳнатӣ, тиббӣ, полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ фаъолона иштирок намоед;

Шумо ҳуқуқ доред (мутобиқи моддаи 21 КМ-и ФР):

  • аз иҷрои корҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок аст, даст кашед;
    • талаб намоед, ки ба Шумо нусхаи шартномаи меҳнатӣ, варақаҳои ҳисоббаробаркунӣ, дигар маълумотнома дар бораи мӯҳлат ва андозаи музди меҳнат дар мӯҳлати то 3 рӯзи корӣ пешниҳод кунад;
    • барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба Нозироти давлатии меҳнат, Прокуратура ва суд муроҷиат кунед.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

  • Ихтисоси Шумо дар шартномаи меҳнатӣ бояд бо ихтисосе, ки дар патенти кор муқаррар шудааст, мувофиқат кунад.
  • Шумо ҳатман бояд нусхаи шартномаи меҳнатиро, ки корфармо имзо кардааст, барои худ гиред. Корфармо бояд нусхаи шартномаи меҳнатиро дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи бастани он ба шӯъбаи масоили муҳоҷирати меҳнатии СРММ ВКД Россия фиристад.
  • Шумо бояд нусхаи шартномаи меҳнатиро дар давоми 2 моҳ пас аз рӯзи гирифтани патенти кор ба шӯъбаи масоили муҳоҷирати меҳнатии СРММ ВКД Россия фиристед.
  • Шартномаҳои қалбакӣ тартиб надиҳед ва барои бастани шартномаҳо бо маблағи кам розӣ нашавед: дар ҳолати мушкилот бо корфармо исбот кардани он, ки Шумо бояд аз он маблағе, ки дар шартнома ишора шудааст, зиёдтар гиред, хеле мушкил хоҳад буд.
  • Маоши корманди доимӣ наметавонад аз музди ҲАММ (ҳадди ақали музди меҳнат) кам бошад. Дар ҳолати 1 январи соли 2020 моҳонаи ҲАММ дар Россия 12130 рублро ташкил медиҳад, Санкт-Петербург – 19000 рубл, вилояти Ленинград – 12800 рубл, дар вил. Москва – 14200 рубл, дар Москва – 20135 рубл.
  • Одатан, музди меҳнат ба корманд дар ду қисм дар муддати як моҳ пардохт карда мешавад: пешпардохт (то нисфи маоши моҳона) то нимаи моҳ рух медиҳанд, пардохти асосӣ, одатан, дар рӯзи охирини кории моҳ, аммо на дертар аз санаи 14-уми моҳи оянда (мувофиқи моддаи 136 КМ ФР).
  • Рӯзи корӣ набояд аз 8 соат, ҳафтаи корӣ аз 40 соат зиёд бошад. Барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, музди иловагӣ таъин карда мешавад (мутобиқи м. 152, м. 153 ва м. 154 КМ ФР).
  • Меҳнати қарзӣ (аз ҷониби корфармо фиристодани кормандони худ ба дигар ташкилот бидуни ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ) дар Россия манъ аст. Танҳо ташкилоти ҳамчун оҷонсиҳои хусусии шуғл бақайд гирифташуда ҳуқуқ доранд, ки коргарони худро ба дигар ташкилотҳо ва шахсони алоҳида фиристанд, ҳамзамон онҳо вазифадоранд:
    • дар шартномаи меҳнатӣ бо коргари хориҷӣ имконияти кор кардан бо шахси сеюмро ишора кунанд;
    • дар ҳолате, ки онҳо ба кор ба назди шахси сеюм фиристода мешаванд, бо корманд шартномаи иловагӣ банданд.

Агар Шумо ба оҷонсии хусусии шуғл муроҷиат карда бошед, мутмаин бошед, ки чунин шартҳо дар шартномаи меҳнатии Шумо ишора карда шуда бошанд. Тибқи қонунгузории меҳнатӣ, Шумо ҳуқуқ доред, ки то гузаштани 3 моҳ аз лаҳзаи напардохтани музди меҳнат, ё қатъи шартномаи меҳнатиатон ба суд муроҷиат кунед. Бодиққат бошед ва ҳангоми зарурат ба суд сари вақт муроҷиат кунед (моддаи 392 КМ ФР).

Шартномаи меҳнатӣ одатан номаҳдуд аст, аммо корфармо метавонад онро боздорад, агар мӯҳлати амали патенти кори Шумо гузашта бошад – то тамдид кардан, ё аз нав ба расмият даровардани патент.

Ҳама гуна тағйироту иловаҳо ба шартномаи меҳнатӣ бояд бо Шумо муво- фиқа карда шаванд ва бо созишномаи иловагӣ ба расмият дароварда шаванд. Барои ҳама гуна ҳуқуқвайронкунии меҳнат,  аз ҷумла ҳангоми ба расмият даровардани шартномаи меҳнатӣ, Нозироти давлатии меҳнат метавонад корфарморо ҷарима кунад. Шумо метавонед бо он ҷо тавассути Интернет муроҷиат намоед.

 ҚОНУНГУЗОРӢ

«Кодекси меҳнатии Федератсияи Россия» аз 30.12.2001 № 197-ҚФ – Қисми III, моддаи 65. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ пешниҳод меша- ванд, мод. 56.1. Манъи меҳнати қарзӣ, боби 50.1. Хусусиятҳои танзими меҳнати кормандоне, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мебошанд.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Хизматрасонии электронии ба лоиҳаи калони дароз- муддати «Нозироти кушоди меҳнат» дохил меша вад. Захира ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳояш ба нозироти меҳнат муроҷиат намояд, инчунин дар бораи роҳҳои дигари баромадан аз ҳолатҳои мушкил дар соҳаи муноси- батҳои меҳнатӣ маълумот гирад.

Навигатори меҳнатӣ барои корманд:

  • Маҷмӯи дастурҳо, ки ҳолатҳои мушкили маъмулро фаро мегиранд

Дастури мухтасар барои корманд дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ӯҳдадориҳои корманд ва корфармо https://онлайнинспекция.рф/

https://онлайнинспек- ция.рф/instructions

https://онлайнинспек- ция.рф/reminders

Тафтиши қонунӣ будани шартномаи меҳнатӣ https://онлайнинспек-ция.рф/precheck/148