Categories
Хабарҳо

Ба Россия бо воситаи Роҳи оҳани Тоҷикистон

Поделиться

Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон аз омодагии худ дар бораи расонидани муҳоҷирони корӣ ба Россия аз тариқи қатораҳо таъкид мекунанд

Убайдулло Обидов, сардори идораи Роҳи оҳан дар минтақаи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, корхонаи онҳо барои расонидани муҳоҷирон ба Россия тариқи қатораҳо, омодааст.

“Мо ҳолати техникии қатораҳои мусофиркашонро пурра аз санҷиш гузаронидаем. Қатораҳо барои сафар ба Россия ба пуррагӣ омодаанд”, – гуфт Обидов.

Бино ба гуфти ӯ, дар ҳоли ҳозир дар корхонаи Роҳи оҳани минтақаи Суғд, 84 қатораи мусофиркашон дар ҳолати хубӣ корӣ қарор дорад.

То охири соли 2019, яъне то замони паҳншавии шуъӯи бемории каронавирус ҳаракати қатораҳо дар масири Хуҷанд – Москва – Хуҷанд ва инчунин Душанбе – Москва – Душанбе ва Кӯлоб – Москва – Кӯлоб ҳар ҳафта ба роҳ монда шуда буд. Аммо хуруҷи бемории ҳамагир боиси боз истодани ҳаракати қатораҳо дар чунин масир гардид.

Едовар мешавем, ки Марат Хуснуллин муовини сарвазири Россия зимни баргузории Форуми байналмиллӣ, ки дар шаҳри Санкт – Петербург доир шуд, дар бораи имконпазир шудани сафари муҳоҷирон тавассути роҳи оҳан таъкид кард.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com