Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Поделиться

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 1 январи соли 2021 мушаххасот пардохти андозҳо, (патент) ҳаққи суғурта ва дигар пардохтҳои ҳатмии аз ҷониби Хадамоти федералии андози Русия дар шаҳри Москва ва вилояти он бо суроғаи дигар фаъолият намудааст.

Тағийроти мазкур дар доираи муқаррароти Қонуни федералии Россия аз 27 декабри соли 2019 № 479-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси буҷҷети Федератсияи Русия дар робита бо хадамоти хазинадорӣ ва низоми пардохти хазинадорӣ”, ки соли 2021 эътибор пайдо мекунанд, роҳандозӣ карда шудааст. Татбиқи амалии ҳолати мазкур бо фармони Хазинадории федералӣ аз 01.04.2020 № 15n “Дар бораи тартиби кушодани суратҳисобҳои хазинадорӣ” роҳнадозӣ карда шудааст.

То 30 апрели соли 2021 пардохи ҳама намуди хизматрасониҳо тавассути суратҳисоби қаблӣ сурат гирифта, аз 1 майи соли 2021 пардохти ҳама намуди андозҳо ва пардохти ҳақи суғуртаи иҷтимоӣ бо суратҳисоби навташкилшуда ба роҳ монда мешавад.

Намояндагӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москва ва вилоятҳои он фаъолият менамоянд, хоҳиш менамояд, ки барои пардохти ҳама намуд хизматрасониҳо аз суратҳисоби зерин истифода намоянд.

Ҳама пардохтҳо бояд ба тафсилоти зерин дохил карда шаванд:
Дар шаҳри Москва: рамзи мушаххаси бонкӣ (БИК): 004525988
Ҳисоби ягонаи хазинадорӣ: 40102810545370000003
Суратҳисоби бонкӣ: 03100643000000017300
Дар вилояти Москва: рамзи мушаххаси бонкӣ (БИК): 004525987
Ҳисоби ягонаи хазинадорӣ: 40102810845370000004
Суратҳисоби бонкӣ: 03100643000000014800

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

migration.tj