Categories
Хабарҳо

БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИР – 2020

Поделиться

Новобаста ба баъзе маҳдудиятҳои бар асари пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии КОВИД – 19 бамиёномада соли равон ҳам Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо шарикони ҳамкори худ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ташкил ва гузаронидани силсилаи чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва омӯзишӣ – дастурдиҳиро ба нақша гирифт.

Рӯзи 15-уми декабр чорабинии нахустин – мизи мудаввар таҳти унвони «Муҳоҷирати меҳнатии бехатар» дар толори меҳмонхонаи «Хуҷанд Делюкс» бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи Раёсат, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, котиби иҷроияи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ, сарвари Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Умед» оид ба пешгирии савдои одамон ва муҳоҷират Бахтиёр Абдуҷабборов, раиси Шӯрои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, ҳамзамон сарвари иттиҳодияи ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова, муовини раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят, нозири ҳифзи кормандони соҳа Фарҳод Холмирзоев, роҳбари лоиҳаи филиали Ассотсиатсияи ХЕЛВЕТАС «Беҳтаркунии некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фирӯз Шарифов, мушовири ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» Рафоат Бобоева, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва ҷомеа» Наргис Маҳмудова, директори кулли ҶДММ Ширкати телевизион ва радио – рекламавии «Тироз» Хуршед Ӯлмасов ва намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Зимни сухани ифтитоҳии худ сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ таъкид дошт, ки Рӯзи байналмилалии муҳоҷир аз соли 2000 инҷониб таҷлил мегардад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ватани мо низ таҷлили ин рӯз ба ҳукми анъана даромад.

Мақсади асосӣ аз таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ноил шудан ба ҳалли мушкилот ва дар сатҳи лозима ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буда, масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои расмии худ ба кишварҳои хориҷа бо кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспора ва марказҳои ҳуқуқию фарҳангии ҳамватанонамон шинос мешаванд. Зимни ба имзо расонидани созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои қабулкунанда ҳатман манфиатҳои муҳоҷиронро ба эътибор мегиранд.
 Пешвои муаззами миллат вобаста ба танзими равандҳои муҳоҷират махсус таъкид намудаанд ва дастур доданд, ки: «…ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшида, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад».

Дар ин радиф андешидани чораҳои амалӣ дар самти омӯзиши забон ва касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ кардаанд.
 Дар давраи омодагӣ ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, санаҳои 24 ва 25-уми ноябри соли равон дар доираи сафари расмии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, мулоқотҳояшон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук, Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин ва дигар шахсони расмӣ масъалаи танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва муайян кардани сабукиҳо барои онҳо ба таври васеъ баррасӣ гардид. Боиси қайд аст, ки ба ҳайси муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳам дар ин мулоқотҳо бевосита иштирок дошт.
 Дар радифи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират масъалаи таъсиси ҷойҳои нави кор, танзими масълаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, омода намудани кадрҳои коргарӣ ва дар умум ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаашон дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ қарор дорад.
 Айни замон бо дастгирӣ ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ғайр аз Раёсати вилоятӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират фаъолият намуда, филиали Агентии ҷумҳуриявии бокортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷа, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳам оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта корбарӣ намуда истодаанд.
 Ҳамкории Раёсат дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират самараи нек дода истодааст ва умед аст, ки минбаъд низ ба ҳалли бисёр масъалаҳо мусоидат менамояд. Махсусан дар ин даврае, ки бар асари паҳншавии бемории коронавирус барои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ҳам мушкилоти зиёд пеш омадааст, Раёсат метавонад бо шарикони ҳамкор дастҷамъона дар ҳалли бисёр муаммоҳои ҷойдоштаву пайдошуда саҳм гузорад.
 Зайнура Шарифӣ дар ҷамъбасти суханрониаш махсус қайд кард, ки солҳои 2019 – 2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Мақсад аз рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳракҳои навбунёд, таъсиси корхонаҳои нав, пеш аз ҳама, фароҳам овардани ҷойҳои иловагии кор мебошад, ки дар навбати худ ба коҳиш ёфтани сатҳи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
 Дар навбати худ муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро лозим аст, бо дарки баланди масъулият ва ифтихори ватандорӣ, дар раванди бунёдкорию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати истиқболи сазовор аз Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоранд.

Дар идомаи мизи мудаввар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, котиби иҷроияи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ, раиси Шӯрои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, ҳамзамон сарвари иттиҳодияи ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва ҷомеа» Наргис Маҳмудова табрикоти худро ба иштирокчиёни мизи мудаввар расонида, аз лаҳзаҳои ҳамкорӣ бо Раёсат, ғамхорию дастгирӣ нисбати муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва корҳои ҷолиби анҷомдодашуда ёдовар шуданд.

Вобаста ба танзими раванди муҳоҷират дар сиёсати давлатӣ сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Диловар Муродов суханронӣ намуд ва самтҳои асосии фаъолияти Раёсат ва сохторҳои зертобеи онро тариқи слайд намоиш дод.
 Ба иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳа, ки то моҳи августи соли 2021 давом мекунад, роҳбари лоиҳаи филиали Ассотсиатсияи ХЕЛВЕТАС «Беҳтаркунии некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фирӯз Шарифов гузориш дод. Ҳамзамон номбурда дастурамали «Роҳнамо барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар ба Федератсияи Россия»-ро, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромадааст ва варақаи иттилоотии дар шакли тақвим таҳиянамудаашонро муаррифӣ кард. Дар ин радиф директори кулли ҶДММ Ширкати телевизион ва радио – рекламавии «Тироз» Хуршед Ӯлмасов бошад, сомонаи навтаъсиси омӯзишӣ – иттилоотии «Муҳоҷир – мобайл»-ро муаррифӣ намуда, роҳҳои истимфодаи босамар аз онро нишон дод.
 Суханронии сарвари Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Умед» оид ба пешгирии савдои одамон ва муҳоҷират Бахтиёр Абдуҷабборов ба мавзӯи «Вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар давраи паҳншавии пандемияи «КОВИД – 19» бахшида шуд.
 Пас аз шунидани маърӯзаҳо, суҳбати озод ва саволу ҷавоб маросими сарфарозгардонӣ доир шуд. Сардори Раёсат дар вазъияти тантанавӣ раиси Шӯрои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, ҳамзамон сарвари иттиҳодияи ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова, роҳбари лоиҳаи филиали Ассотсиатсияи ХЕЛВЕТАС «Беҳтаркунии некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фирӯз Шарифов, мушовири ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» Рафоат Бобоева, сарвари Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Умед» оид ба пешгирии савдои одамон ва муҳоҷират Бахтиёр Абдуҷабборов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова ва директори кулли ҶДММ Ширкати телевизион ва радио – рекламавии «Тироз» Хуршед Ӯлмасовро бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ намуд.

Дар ин радиф як гурӯҳи калони кормандони дастгоҳи Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо бо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсат, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят сарфароз гардонида шуданд.