Categories
Хабарҳо

Барқарор кардани парвозҳо бо Тоҷикистон аз сӯи Россия иқдоми саривақтӣ аст

Поделиться

Агентии авиатсияи гражданӣ Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо ба Россия истиқбол карда, умедвор аст, ки теъдоди онҳо бештар хоҳад шуд.

     Муовини директори Агентӣ Азиз Набизода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барқарор кардани парвозҳо бо Тоҷикистон аз сӯи Россия як иқдоми саривақтӣ ва воқеъбинона аст.

     “Мо шаш моҳ пеш омода будем ва интизор доштем, ки кай Россия тасмими худро мегирад. Хушбахтона, ниҳоят чунин тасмим гирифта шуд. Ҳозир як парвоз дар як ҳафта фақат миёни Душанбе ва Москва ҳаст. Мо умедворем, ки дар оянда теъдоди онҳо бештар мешавад, чун хоҳишмандони рафтан ба Россия хеле зиёданд”, – гуфт Азиз Набизода.

     Муовини директори Агентӣ инчунин илова кард, ки феълан нархи чипта номаълум аст.

Ситоди фаврии ҷилавгирӣ аз паҳншавии “Covid – 19” дар қаламрави Федератсияи Россия 25 март эълон кард, ки ин кишвар аз 1 апрел ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланкаро аз сар мегирад.

     Қарори мазкурро сарвазири Россия Михаил Мишустин тасдиқ намудааст.

     Ҳоло, парвозҳо ҳафтае як бор, ҳавопаймоҳо аз Москва ба Душанбе ва баръакс парвоз хоҳанд кард.

     Парвозҳо миёни Россияву Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи “Covid – 19” дар ҷаҳон мутаваққиф шуда буданд. То он замон парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар анҷом дода мешуданд.

Дар асоси маводҳои Sputnik