Барномаҳо ва грантҳои Ташкилотҳои Байналмиллалӣ оид ба фаъолияти фоидаовари муҳоҷирон

ГРАНТ – маблағҳое, ки аз ҷониби донор (фонд, корпоратсия, муассисаи давлатӣ ё шахси алоҳида) ба ташкилот ё шахс барои иҷрои кори муайян дода мешавад. Баръакси қарз, грант ба баргардонидан ниёз надорад. Пас аз эълони ГРАНТ, шахси манфиатдор метавонад АРИЗА нависад.

АРИЗА
– ин дархости хаттӣ барои дастрасӣ ба грант. Чӣ тавре ки як ширкати тиҷоратӣ нақшаи тиҷоратие тартиб медиҳад, ки сармоягузоронро ба гузоштани пул ба тиҷорат боварӣ кунонад, ариза барои боварӣ бахшидани донор (сармоягузор) ба лоиҳаи шумо зарур аст. Аммо, ба фарқ аз нақшаи тиҷорӣ, ариза барои таҳияи лоиҳа, яъне барои тиҷорате, ки дар оянда ба шумо фоида меорад навишта мешавад, ки Шумо пас аз ба итмом расонидани маблағгузории мақсаднок аз фаъолият маблағе гиред. Шумо бояд устувории лоиҳаро пешакӣ дар барномаи Лоиҳа пешбинӣ карда ба нақша гиред – дар он ҷое, ки тиҷорати шумо бо дастгирии молиявии донор оғоз ёфтааст, ба шумо фоида оварда, бо ин васила масъалаи таъминоти молиявии шуморо ҳал кунад.

Ба шумо дар татбиқи ғояҳо, консепсияҳо ва лоиҳаҳои ташкилии фаъолияти фоидаовар
муваффақият мехоҳем.

Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҷузъи шабакаи байналмилалии Бунёди Ҷамъияти Кушода мебошад, ки ба ташкил ва рушди ҷомеаҳои демократӣ мусоидат мекунад, ки

Read More »