Categories
Хабарҳо

Баррасии нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ

Поделиться

Ширин Амонзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот дод.

Масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавзӯест, ки солҳо онро мақомоти Тоҷикистон ва Россия баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи Вазир, ниҳоят он феълан дар шакли лоиҳаест, ки то охири ҳамин сол бояд ба тасвиб расад.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома оид ба ҳалли масъалаҳои нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай ба мувофиқа расиданд. Ин созишнома ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.

Ин дар ҳолест, ки пештар вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дод.

Ӯ гуфт, коргарони хориҷӣ, ки дар Россия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ, нафақа хоҳанд гирифт. Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррарии ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст

Муҳоҷирон, замоне, ки ба ватани худ бармегарданд, нафақа мегиранд. Нафақаро он давлате пардохт мекунад, ки муҳоҷир дар он ҷо кор кардааст.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com