Categories
Хабарҳо

Зарбаи пандемия ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон

Поделиться

    Пандемияи коронавирус ба ҳама бахшҳои зиндагии мардум дар Тоҷикистон, махсусан ба кору рӯзгори хонаводаҳои муҳоҷирон, зарба зад. Бино ба омори расмӣ, ҳар сол то ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Россия мерафтанд. Соли гузашта ва бо далели баста будани марзҳо қисми зиёди онҳо дар кишвар монданд.

    Бино ба пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ, дар давраи пандемия беш аз 40 дар сади оилаҳо дар Тоҷикистон харидани хӯроквориро кам кардаанд. Тибқи ин пажӯҳиш, дар ин давра беш аз ҳама оилаҳои муҳоҷирон зарар дидаанд. Дар чунин шароит коршиносони бонк пешгӯӣ кардаанд, ки мизони фақр дар кишвар боло меравад.

    Оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон нисбат ба оилаҳои миёнҳол, бештар ба пули муҳоҷират вобастаанд. Беш аз 80 дарсади хонаводаҳое, ки аз муҳоҷирон пул дарёфт мекунанд, мегӯянд, аксаран ин маблағро барои хӯрок ва дигар маводи ниёзи аввал сарф мекунанд.

    Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират, бар ин аст, ки дар оғози соли 2021 вазъ дар Тоҷикистон беҳтар мешавад. Чун, ба андешаи ӯ, Россия ҳоло сахт ба нерӯи муҳоҷирон ниёз дорад ва Маскав маҷбур аст, ба онҳо иҷозаи вуруд диҳад ё ҳатто худаш онҳоро бубарад.

    Бино ба таҳқиқи ин коршинос, корфармоён дар Россия омодаанд, ба муҳоҷирони тоҷик се баробар бештар аз давраи то пандемия маблағ диҳанд.   “Даҳ дарсади даромади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Россия аз ҳисоби муҳоҷирон аст. Аз ин як ё ду дарсад аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик аст. Тасаввур кунед, агар муҳоҷирон набошанд, агар муҳоҷират 50 дарсад коҳиш ёбад, мизони ММД-и Россия панҷ дарсад кам мешавад. Бино бар ин, маҷбур мешаванд, аз ин роҳ истифода кунанд”, – афзуд Улмасов.

    Ҳоло маълум нест, то куҷо ин пешгӯиҳои коршинос дуруст аст, вале дар ҳар сурат таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ ҳадс мезананд, ки вазъ дар солҳои 2021-2022 беҳтар мешавад. Ин ҳам дар сурате ки агар ваксинаи зидди COVID-19 мавриди истифодаи умум қарор бигирад.

Манбаъ: ozodi.org