Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

Бехатарӣ ва ҳамкори бо полис. Санҷиши ҳуҷҷатҳо.

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

  “Кормандони полис бояд тартиботро нигоҳ доранд, ҳуқуқ ва озодиҳои одамонро сарфи назар аз миллат, мансубияти этникӣ, динӣ ва ё дигар мавқеъ риоя намоянд. Кормандони полис бояд урфу одатҳои миллии шаҳрвандонро эҳтиром кунад, хусусиятҳои фарҳангӣ ва дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва иҷтимоӣ, ташкилотҳои диниро ба назар гирад ва ба ҳамбастагии байни миллатҳо ва байнимазҳабӣ мусоидат кунанд.

  Дар қатори дигар амалҳо, ба вазифаҳои полис назорат аз болои риояи тартиби истиқомати муваққатӣ, ё доимӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия, воридшавӣ ба Федератсияи Россия, баромадан аз Федератсияи Россия, гузаштан тавассути қаламрави Федератсияи Россия ва фаъолияти меҳнатии коргарони хориҷа медарояд” (банди 33 моддаи 12 Қонун «Дар бораи полис»).

  “Кормандони полис ҳуқуқ доранд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандонро, дар сурати мавҷуд будани сабаб барои оғоз кардани парвандаи маъмурӣ нисбат ба ин шаҳрвандон, тафтиш кунад, инчунин агар барои дастгир намудани онҳо асос мавҷуд бошад; иҷозат ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрванд барои иҷрои амалҳои мушаххас, ё иҷрои як намуди муайяни фаъолият, ки назорат (идоракунӣ) аз болои он ба полис вогузор шудааст, тафтиш кунад” (банди 2 моддаи 13 Қонун «Дар бораи полис»).

  Шаҳрванди Тоҷикистон бояд ҳамеша инҳоро бо худ дошта бошад:

  • шиноснома;
  • корти муҳоҷират;
  • огоҳинома оид ба баҳисобгирии (бақайдгирии) муҳоҷират;
  • патенти кор бо расидҳо дар бораи пардохт;
  • полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ), ё суғуртаи ҳатмии тиббӣ (СҲТ).

  Ҳангоми муроҷиат бо Шумо корманди полис бояд рутба, унвон, насабашро хабар диҳад, шаҳодатномаи шахсии худро нишон диҳад ва сабаб ва мақсади тафтиши ҳуҷҷатҳоро шарҳ диҳад (банди 4 моддаи 5 Қонун “Дар бораи полис”).

Бидуни баёни сабаб, тафтиш кардани ҳуҷҷатҳо мумкин нест – корманди полис бояд барои гумон кардани Шумо дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ, асос дошта бошад. Ҳуҷҷатҳо метавонанд аз дасти худатон нишон дода шаванд, бо огоҳ кардани корманд дар ин бора.

Корманди полис метавонад оиди аслӣ будани ҳуҷҷатҳо шубҳа пайдо кунад. Дар ин ҳолат, зарур аст, ки ҳамроҳи ӯ ба наздиктарин идораи полиси рафта, ҳуҷҷатҳоро дар пойгоҳи махсуси «Территория» тафтиш кунед.

Ҳуҷҷатҳои инчунин кормандони Сарраёсати масоили муҳоҷирати  ВКД-и ФР дар ҷараёни рейдҳои махсус метавонанд тафтиш намоянд. Онҳо инчунин шиноснома, корти муҳоҷират, огоҳинома дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират (бақайдгирӣ), шартномаи меҳнатӣ, полиси тиббӣ, патент бо расид оиди пардохт тафтиш менамоянд. Инчунин тафтиш карда мешавад, ки оё ҷои кор ва вазифаи зикршуда бо кори воқеӣ мувофиқат мекунад, ё не.

Аз рӯи натиҷаи чунин санҷиш кормандони Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и ФР санад ташкил мекунанд ва дар ҳолати ошкор гардидани қонунвайронкунӣ, протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ё оғоз намудани парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад. Як нусхаи санад, ё протокол ҳатман ба дастгиршуда дода мешавад.

Дар ҳолати дастгир кардан.

Дастгиршуда ҳуқуқи гуфтугӯи телефонӣ дорад (банди 7 моддаи 14 Қонун «Дар бораи полис»).

  То баровардани қарори суд, шаҳрванд метавонад ба мӯҳлати на бештар аз 48 соат дошта шавад.

  Дар бораи дастгирӣ протокол тартиб дода мешавад, ки дар он маълумоти зерин ишора мешавад:

  • сана, вақт ва ҷои тартиб додани протокол;
  • вазифа, насаб ва сарҳарфҳои номи корманди полис, ки протоколро тартиб дод;
  • маълумот дар бораи шахси дастгиршуда, сана, вақт, ҷой, асосҳо ва сабаби дастгиркунӣ;
  • имзои корманди полис, ки онро тартиб додааст, гузошта мешавад;

  Протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муҳоҷират танҳо аз ҷониби кормандони Раёсати масоили муҳоҷират тартиб дода мешавад. Тартиб додани протокол маънои онро надорад, ки Шумо бояд ҷарима пардохт кунед – парвандаи Шумо бояд дар ҳузури Шумо дар суд, ё шӯъбаи ноҳиявии СРММ ВКД баррасӣ карда шавад. Аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ, ба Шумо бояд қарор бароварда шавад, ки Шумо бояд онро иҷро намоед, ё дар давоми 10 рӯз дар суд шикоят кунед.

  Кормандони полис ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳои Шуморо ҳамчун кафолати пардохти ҷарима, ё дигар пардохт бигиранд – ин ғайриқонунист (моддаи 19.17). КҲМ ФР). Талаботи пардохти ҷарима бидуни қарор дар бораи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ ғайриқонунист.

  Шикоят оид ба амали кормандони полис

  Агар кормандони полис ҳуқуқҳои Шуморо поймол кунанд, аз қабули аризаҳо саркашӣ накунанд, ӯҳдадориҳои худро иҷро накунанд, пора талаб кунанд, ё зӯроварӣ истифода баранд, Шумо метавонед ба ташкилотҳои давлатӣ, ё ҷамъиятӣ барои кӯмак муроҷиат намоед:

  • дар СР ВКД, бо занг задан тариқи рақами телефон 112, ё 02;
  • бо гузоштани муроҷиати электронӣ дар сомонаи ВКД Россия;
  • ба наздиктарин шӯъбаи полис;
  • ба наздиктарин шӯъбаи ноҳиявии ВКД ФР.
  • ба «хатти доимоамалкунанда»-и ВКД ФР: 8 (800) 222-74-47

    Дар бораи ҷиноятҳои аз ҷониби кормандони полис содиршуда, Шумо метавонед ба Сарраёсати амнияти дохилии ВКД Россия шикоят кунед: 8 (495) 667-07-30. Дар ҳолати беамалии кормандони полис, рад кардани қабули изҳорот дар бораи ҷиноят, вайрон кардани тартиби баррасии шикоятҳо аз амали кормандони полис, Шумо метавонед ба Прокуратураи генералии ФР муроҷиат кунед.

 Тафтиши ҷиноятҳои коррупсионии аз ҷониби полис содиршударо Сарраёсати тафтишотии  Кумитаи тафтишотии ФР дар минтақаи Шумо амалӣ менамояд.

 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ФР риояи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ назорат мекунад – ба дастгоҳи Ваколатдор тавассути телефони 8 (495) 870 41 77 занг задан мумкин аст, ё муроҷиати электронӣ фиристодан мумкин аст.

 Ҳангоми додани аризаи хаттӣ ба ягон мақомоти давлатӣ ба Шумо бояд на дертар аз 30 рӯз посух диҳанд.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Агар Шумо шоҳид, ё ҷабрдидаи ҷиноят шавед, ба полис муроҷиат кунед. Кормандони полис ӯҳдадоранд паёми ҷиноятро қабул кунанд, онро ба қайд гиранд ва ба Шумо дар бораи гирифтани ариза ҳама вақт, новобаста аз вазъият, талон-огоҳинома диҳанд.

Ҳуҷҷатҳоро танҳо кормандони полис, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд тафтиш кунанд. Онҳо бояд либоси полисӣ ва нишони махсуси сарисинагӣ (жетон) дошта бошанд – рақами онро дар хотир гиред, ё нависед.

Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо, ба хешовандон ё дӯстонатон занг занед ва ба онҳо хабар диҳед, ки Шумо дар куҷо ва бо кӣ сӯҳбат карда истодаед, ин хеле муҳим аст ва бехатарии Шуморо баланд менамояд.

Додани пора – ҷиноят аст! Ба корманди полис пул надиҳед!

Агар корманди полис худро муаррифӣ накунад, сабабҳои тафтиши ҳуҷҷатҳоро нагӯяд, аз болои ӯ шикоят кардан мумкин аст. Барои ин нишони сарисинагии ӯро бояд дар хотир доред ва навишта гиред.

Аз сабаби хатари амалҳои террористӣ, дар даромадгоҳи метро, ё истгоҳи роҳи оҳан кормандони полиси метро, ё истгоҳи роҳи оҳан метавонанд аз Шумо хоҳиш кунанд, ки аз чаҳорчӯба гузаред, ё бағоҷро тавассути детектори махсус гузаронед. Ин амалҳо қонунӣ мебошанд ва ба тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷират алоқаманд нестанд.

Агар Шуморо дастгир карда, протокол тартиб доданд, аз Шумо хоҳиш мекунанд, ки имзо гузоред. Пеш аз имзо намудан, ҳатман протоколро хонед! Агар Шумо протоколро нахонда бошед, матни онро нафаҳмед, ё бо мазмуни он розӣ набошед, онро имзо накунед. Ҳатман нуқтаи назари худро дар протокол сабт ва изҳор намоед – барои ин ҷои махсус ҷудо карда шудааст.

Барои шинос шудан бо протокол бо забони модарӣ Шумо ҳуқуқ доред, ки тарҷумон талаб намоед.

Дар суд, шарҳҳои дар протокол зикрнамудаи Шумо ҳатман ба сифати далелҳои муҳим ба назар гирифта мешаванд.

Танҳо баъди тартиб додани протокол дар бораи дастгир кардан ба Шумо метавонанд протокол оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳанд.

Агар Шумо бо мазмуни протокол розӣ набошед, нависед – «бо протокол розӣ нестам» ва сабабашро нишон диҳед. Масалан: «барои он ки амалҳои дар протокол сабтшударо содир накардаам».

Агар Шумо забони русиро нағз намефаҳмед, Шумо метавонед ҳимоягар ва тарҷумонро талаб кунед. Агар бо хоҳиши Шумо тарҷумон пешниҳод накарданд, Шумо метавонед инро дар протокол нависед (бо забони русӣ, ё модариатон). Масалан: «матни протоколи русиро намефаҳмам».

Агар Шумо имзо кардан дар протоколро рад намудед, корманди полис дар протокол ҳатман инро бояд сабт кунад (б.15 моддаи 14 Қонун «Дар бораи полис»).

Ҳатман талаб кунед, ки нусхаи протоколро ба Шумо диҳанд – кормандони полис вазифадоранд, ки бо талаби Шумо нусхаро диҳанд (б.15 моддаи 14 Қонун «Дар бораи полис»).

То қарори суд шаҳрванд набояд ба муҳлати беш аз 48 соат дастгир карда шавад, то муайян кардани шахсият ва ҳолатҳои парванда – на зиёда аз 3 соат.

Агар Шуморо ғайриқонунӣ дастгир карда, ғайриқонунӣ дар полис нигоҳ доранд ба Комиссияи назоратии ҷамъиятӣ (КНҶ) дар минтақаи Шумо муроҷиат намоед. Аъзоёни КНҶ низ ҳуқуқ доранд, ки шартҳои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷиро тафтиш кунанд ва инчунин метавонанд ба Шумо ёрии ҳуқуқии ройгон расонанд.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Қонуни танзими қоидаҳои рафтор ва ваколатҳои полис дар ФР – «Дар бораи полис» (Қонуни федералии №3-ҚФ аз 07.02.2011) .

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Тамоси полисhttps://мвд.рф/ Тел: 02, 102 ё 112
Маълумоти тамосии хатҳои доимоамалкунандаи шӯъбаҳои полис дар минтақаҳои Россияhttps://мвд.рф/contacts/sites
Муроҷиати электронӣ ба полисhttps://мвд.рф/request_main Тел. ВКД ФР: 8 (800) 222-74-47
«Телефони боварӣ» СР ВКД Россия:  
– дар ш. МоскваТел: 8 (495) 694-92-29
– дар вилояти МоскваТел: 8 (495) 692-70-66
– дар ш. Санкт-Петербург ва  вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 573-21-81
Қисми навбатдории СРММ ВКД Россия:  
– дар ш. МоскваТел: 8 (495) 694-83-90
– дар вилояти МоскваТел: 8 (495) 609-49-52
– дар ш. Санкт-Петербург ва  вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 573-20-49
Сарраёсати амнияти дохилии ВКД РоссияТел: 8 (495) 667-07-30
ҚОҶ АШ СРММ ВКД Россия дар Санкт-Петербург ва вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 541-02-02
Прокуратураҳо:  
– дар ш. МоскваТел: 8 (495) 683-68-74
– дар вилояти МоскваТел: 8 (495) 628-27-88
– дар ш. Санкт-ПетербургТел: 8 (812) 315-48-53
– дар вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 429-77-55
Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии ФР:  
– дар ш. МоскваТел: 8 (495) 690-25-28
– дар вилояти МоскваТел: 8 (499) 184-00-65
– дар ш. Санкт-Петербург Тел: 8 (812) 571-00-40,     8 (812) 570-66-71
– дар вилояти ЛенинградТел: 8 (800) 200-97-80
Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон:  
– дар ш. МоскваТел: 8 (495) 957-05-85
– дар вилояти МоскваТел: 8 (495) 650-20-38
– дар шаҳри Санкт-ПетербургТел: 8 (812) 374-99-39
– дар вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 296-60-13
Ёрии ҳуқуқии ройгон:  
– дар ш. Москва ва вилояти Москва Кумитаи «Гражданское содействие» (Кӯмаки шаҳрвандӣ)www.refugee.ru Тел: 8 (495) 681-05-27,  8 (968) 918-98-65
– дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград: БФ «ПСП-фонд»www.psp-f.org Тел: 8 (812) 337-57-85,   8 (953) 141-31-09
– Қонунгузорӣ, салоҳият, тартиби санҷиши ҳуҷҷатҳо ва шикоят кардан аз болои амалҳои полис дар Санкт-Петербург  http://migrantinfo.kmormp.gov. spb.ru/zakonodatelstvo/
Комиссияи назоратии ҷамъиятӣ (КНҶ):
– дар ш. Москваhttp://www.onk-moscow.ru/ Тел: 8 (495) 229-42-80
– дар вилояти Москваhttp://www.onk-mosobl.ru/ Тел: 8 (495) 229-42-80
– дар ш. Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградhttp://onkspb.ru/ Тел: 8 (931) 352-06-35   8 (911) 955-08-52