Categories
Хабарҳо

Бори нахуст дар соли нав

Поделиться

Дар шаҳри Панҷакент чорабинии иттилоотие, вобаста ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, муқовимат ба савдои одамон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ривоҷи касбу ҳунарҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим доир гардид

     Чорабинии иттилоотие, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳр вобаста ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, муқовимат ба савдои одамон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ривоҷи касбу ҳунарҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим доир гардид, дар соли нави милодӣ нахустин чорабинии калонҳаҷм буд.

    Бино ба иттилои сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Абурайҳон Абдушаҳидов дар он зиёда аз 250 нафар шаҳрвандони гуногункасбу гуногунсол, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.

     Баъд аз анҷоми суханрониҳо дар байни иштирокчиён ва ташкилкунандагон суҳбат ва саволу ҷавоби озод доир гардид.

Мардон Қурбонов
Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд