Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 23 апрели соли равон 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёда аз як моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москва қарор доштанд, ба Ватан гусел карда шуданд.
Тавре дар сомонаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар дода шудааст, кормандони Сафорат 21 апрели соли равон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахарово-и шаҳри Москва омада, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассиса шинос гардиданд. Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз пешниҳод карда шуд.
Айни ҳол дар боздоштгоҳи мазкур 37 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 35 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид. Барои 2 нафар шаҳрванди дигар, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, дархост ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани шахсияташон фиристода шуд. Пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳрвандони зикршуда ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.
Аз тарафи Сафорати Тоҷикистон дар Россия, корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.
Дар асоси маводҳои АМИТ «Ховар»