Categories
Хабарҳо

БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИР – 2020

Новобаста ба баъзе маҳдудиятҳои бар асари пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии КОВИД – 19 бамиёномада соли равон ҳам Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо шарикони ҳамкори худ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ташкил ва гузаронидани силсилаи чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва омӯзишӣ – дастурдиҳиро… Read More»

Categories
Хабарҳо

АКСИЯ «МУХОЧИРАТИ БЕХАТАР – 2020»

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 18 декабр ҳамчун рузи «Муҳоҷир» бо мақсади расидан ба ҳадафҳои худ оид ба дуруст ба роҳ мондани  масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор мегардад.Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ дар  вилоят ва Маркази ташаккули ҳаёти солими вилоят  дар якҷоягӣ бо шарикони… Read More»

Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Тавассути парвозҳои чартерӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар аз Россия ба Тоҷикистон баргаштаанд

Зиёда аз 90,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба ватан баргаштанд. Соли равон 129 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Россия рафтаанд. «То имрӯз 90 333 муҳоҷири меҳнатӣ  тавассути парвозҳои чартерӣ  ба кишвар баргаштанд», — изҳор намудааст  муовини сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслишо Нодиршоев.Ба гуфтаи А. Нодиршоев, аз ҷумлаи онҳо… Read More»

Categories
Хабарҳо

Арзиши патент дар Маскав гарон намешавад.

Дар Маскав ва вилояти Маскав коэффитсенти минтақавӣ, ки аз рӯи он арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобу китоб мешавад, як каме поин омадааст      Мақомоти Русия арзиши патентро барои соли 2021 дар шаҳр ва вилояти Маскав эълон карданд. Дар Маскав зариб ё коэффитсенти минтақавӣ то 2,3878 поин оварда шуд. Ин нишондиҳанда дар қонун “Дар бораи… Read More»

Categories
Хабарҳо

Табиби тоҷик дар Русия ҷоизаи вижа гирифт

Фурқат Ғафуров, зодаи шаҳри Хуҷанд, ки тайи тақрибан ҳашт сол боз дар Русия машғули кору зиндагист, рӯзи 4-уми декабр барои фаъолиятҳои пизишкӣ соҳиби ҷоизаи вижа шуд. Губернатори вилояти Маскав аз заҳматҳои ин ҷарроҳи тоҷик қадрдонӣ кардааст.     Андрей Воробёв дар маросими хос ҷоизаи ба номи “Мо дар каноратон ҳастем”-ро ба 180 табиб тақдим кардааст, ки… Read More»

Categories
Хабарҳо

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода санаи 10 декабр бо директори  Бюрои Оҷонсии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳоҷират — Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва Абдусаттор Эсоев мулоқоти расмӣ намуд.      Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Оҷонсии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи лоиҳаҳои он марбут ба расонидани мадади  иҷтимоӣ ба иттиҳодияҳои муҳоҷирони… Read More»

Categories
Хабарҳо

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Қатар, ба кор даъват карда мешаванд

Давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар самти корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват намуд. Ин нукта 2 декабр зимни баргузории  ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва… Read More»

Categories
Хабарҳо

Дар вилояти Томски ФР нархи патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ гарон мешавад

Дар соли оянда қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Томски Русия афзоиш хоҳад ёфт. Дар соли 2021 қимати патент барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Томски Русия кору фаъолият мекунанд, имкон дорад тағйир ёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти думаи қонунгузори вилояти Томск. Қимати патент дар қаламрави ин минтақа тақрибан 4317 рубли дар як… Read More»

Categories
Хабарҳо

Кор дар дорухонаҳову марказҳои тиҷории Русия барои хориҷиҳо мамнӯъ шуд

Ҳукумати Русия саҳмияи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишварро дар соли 2021 эълом кард, ки бинобар он муҳоҷирон дар дорухонаҳову марказҳои тиҷории бузург ба кор гирифта нахоҳанд шуд Ба гузориши сомонаи итилоърасонии ҳукумати Русия, коргарони муҳоҷир метавонанд бештар дар бахшҳои хадамоти шаҳрӣ, ҷангал, сохтмонсозӣ, кишоварзӣ ва ҳамлунақл фаъолият кунанд. Саҳми ин афрод дар бахши сохтмонсозӣ… Read More»

Categories
Хабарҳо

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои бозгашт аз Россия, чипта харидорӣ намоянд

Аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиш сирояти нави коронавируси КОВИД-19 дар Ҷмҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватан, қарор қабул карда шудааст, ки фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоии хатсайрҳои таҳлиявӣ (эвакуатсионӣ) аз шаҳрҳои Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ… Read More»