Categories
Хабарҳо

Хостори ҷорикунии раводид дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Чунин тадбир аз эҷоди “анклавҳо дар замини суннатии русҳо” пешгирӣ мекунад, мегӯяд Миронов  Русия бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ кунад. Дар ин бора раиси Ҳизби “Русияи одилона – барои ҳақиқат” Сергей Миронов зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои хориҷиён ба шаҳрвандони Русия зарураст.… Read More»

Categories
Хабарҳо

Муҳоҷирон дар Русия рӯй ба IT меоранд

Теъдоди муҳоҷироне, ки дар бахши IT дар Русия машғуланд ё кор меҷӯянд, майли афзоиш дорад. Шумораи корҷӯён ва кормандон аз кишварҳои ИДМ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дар Русия афзоиш ёфтааст, навиштаст “Коммерсант”. Ба иттилои манбаъ, шумори муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, ки дар бахши барномасозӣ дар Русия фаъолият доранд, соли равон рекордӣ шуда, 62 дарсад афзоиш ёфтааст. Дархостҳои кор… Read More»

Categories
Хабарҳо

Сбербанки Москва кормандони тоҷику ӯзбек ва қирғиззабонро ба кор қабул мекунанд

Сбербанк, бузургтарин бонки Русия ва тамоми кишварҳои пасошӯравӣ буда, барои ишғоли ҷои мушовирони доимӣ дар Маскав бо донистани забонҳои тоҷикӣ, узбакӣ ва қирғизӣ озмун эълон кардааст. Таҷрибаи кор ва маълумоти махсус (боло аз миёна) талаб карда намешавад ва музди кор пеш аз андоз 67 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Аз довталабон танҳо талаб карда мешавад, ки… Read More»

Categories
Хабарҳо

Мақомоти Маскав нақшаи радди пурраи муҳоҷирон дар сохтмонҳоро омода карда истодаанд

Муовини раиси пойтахт оид ба сиёсати шаҳрсозӣ ва сохтмон Андрей Бочкарев дар мусоҳиба бо РБК гуфт, ки мақомоти пойтахт нақшаи ҳалли бӯҳрони кадрӣ дар иншооти сохтмонро омода мекунанд, ки аз он саркашӣ аз истифодаи кори муҳоҷирон ба нақша гирифта шудааст. Бочкарев гуфт, ки бинобар миқёси сохтмон аз руи программам азнавсозӣ дар пойтахт, сохтмончиён ва муҳандисону… Read More»

Categories
Хабарҳо

Дар ҳолати бедарак шудани наздикон дар Русия чӣ бояд кард?

Мақомоти Тоҷикистон шарҳ додааст, ки дар сурати бедарак шудани наздикон ё сар задани ҳодисаҳои нохуш дар Русия наздикони онҳо ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳохоҳиш кардааст, ки дар ҳолати ҳодисаҳои нохуш фавран бояд… Read More»

Categories
Хабарҳо

Муҳоҷирони корӣ бояд забони русиро омӯзанд

Владимир Путин гуфт, муҳоҷирони корӣ бояд забони русиро омӯзанд, то на танҳо дар Федератсияи Русия пул кор кунанд, балки зиндагии серу пур дошта бошанд. Раисиҷумҳури Русия зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ таъкид кард, муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд забони русиро донанд ва фарҳанги ин кишварро дарк кунанд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури… Read More»

Categories
Хабарҳо

Русия интизори афзоиши рекордии муҳоҷирон дар соли 2021

Теъдоди коргарони хориҷӣ дар Русия дар соли 2021 метавонад 398 ҳазор нафар афзоиш ёбад Пешгӯии ҳукумати Русия дар бораи коэффисиенти афзоиши муҳоҷират дар соли 2021 тақрибан ду баробар – аз 14,3 то 27,3 афзоиш ёфтааст, менависад рӯзномаи “Известия”. Тибқи ҳисобҳои нашрия, бино ба маълумоти дар “Нақшаи ягонаи расидан ба ҳадафҳои рушди миллии Русия то соли… Read More»

Categories
Хабарҳо

Чувашистони Русия ба 250 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик ниёз дорад

Мақомоти Чувашистони Русия ба мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин минтақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз дорад ва онҳо омода ҳастанд 250 ҳазор муҳоҷири меҳнатиии тоҷикро қабул ва бо кор таъмин намоянд. Корхонаҳои Чувашистон ният доранд 250 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистонро ба кор даъват намоянд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия. Гуфта мешавад, ки… Read More»

Categories
Хабарҳо

Русия ба оилаҳои муҳоҷирон иҷозати вуруд дод

Муҳоҷироне, ки дар Русия ба таври доимӣ иқомат мекунанд, акнун метавонанд пайвандони худро низ ба ин кишвар даъват кунанд Дар Русия қисман чораҳои зидди коронавирусӣ роҳандозӣ шуданд. “Telegram – канал”-и Депортаменти консулии ВУХ Русия хабар медиҳад, ки акнун вуруд ба ин кишвар барои пайвандони муҳоҷироне, ки ба таври доимӣ дар қаламрави Русия иқомат мекунанд, иҷозат… Read More»

Categories
Хабарҳо

Русия барои муҳоҷирон имтиҳони нав роҳандозӣ мекунад

Дар Русия барои табибони муҳоҷир, ки маълумоти тиббӣ дар берун аз қаламрави ин кишвар гирифтаанд, имтиҳони нав таҳия шудааст. Вазорати тандурустии Русия низоми имтиҳони ҷадидро барои табибоне, ки дар хориҷ таҳсил кардаанду хоҳиши кор дар кишварро доранд, таҳия намудаст, хабар дод “Коммерсантъ”. Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустӣ санади наверо омода кардааст, ки тартиби имтиҳонсупории… Read More»