Categories
Хабарҳо

Чаро парвози нахустини «ЮтЭйр» ба Москва сурат нагирифт?

Поделиться

Тамоми мусофироне, ки мебоист шаби 3 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати русии  «ЮтЭйр» аз Душанбе ба Москва парвоз мекарданд, имкон доранд бидуни ягон монеа    9 апрел тавассути ҳавопаймои «ЮтЭйр» аз Душанбе ба Москва парвоз намоянд, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсисияи граждании Ҷумҳурии  Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

     Дар посух ба саволи он ки чаро парвози мунтазами нахустини «ЮтЭйр»  дар масири Душанбе–Москва шаби 3 апрел ба таъхир афтод, Икром Субҳонзода гуфт, ки ин  аз ҷониби Россия сурат гирифтааст. Сабабаш  ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия  ворид нагардидани тағйирот  доир ба оғози парвозҳои мунтазами ҳавоии Россия бо шаш давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия  ва Шри-Ланка, мебошад, ки тибқи он бояд бо ин кишварҳо аз 1 апрел Россия парвозҳои мунтазам оғоз менамуд.

     Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мусофироне, ки парвозашон ба 9 апрел дар хатсайри Душанбе –Москва ба таъхир гузошта шудааст, хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна овозаю дасиса дода нашаванд, парвози онҳо ҳатман 9 апрел бидуни ягон мушкилот ва монеа сурат гирифта, хароҷоти мусофирон  ҷуброн мегардад.

     Бояд як нуктаро таъкид сохт, ки дар парвози ҳавопаймои «ЮтЭйр», ки 9 апрел дар масири Душанбе –Москва анҷом дода мешавад, тамоми мусофирон, аз ҷумла онҳое низ,ки шаҳрвандии Россияро надоранд, ҳуқуқи парвоз кардан  доранд, зеро ду ширкати ҳавоӣ — «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ва «ЮтЭйр»-и Россия дар хатсайри Душанбе-Москва Душанбе ва Москва –Душанбе –Москва  парвозҳои мунтазами ҳавоиро анҷом медиҳанд.

Дар асоси маводҳои АМИТ «Ховар»