Categories
Хабарҳо

Дар ҳолати бедарак шудани наздикон дар Русия чӣ бояд кард?

Поделиться

Мақомоти Тоҷикистон шарҳ додааст, ки дар сурати бедарак шудани наздикон ё сар задани ҳодисаҳои нохуш дар Русия наздикони онҳо ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳохоҳиш кардааст, ки дар ҳолати ҳодисаҳои нохуш фавран бояд ба мақомоти марбутаи Русия ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат намоянд.

Манбаъ шарҳ додааст, ки агар аъзои оила ва пайвандону наздикони муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар Русия қарор доранд, бедарак гарданд, зарур аст, ки пайвандону наздикони онҳо фавран ба шуъбаи минтақавии полиси маҳалли иқомати худ муроҷиат намоянд.

“Муроҷиаткунанда бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти бедаракшуда, маълумоти мухтасар дар бораи ҷоийи зист, ҷойи кор, наздикону пайвандон, ҳамкорон, дӯстон ва маълумот дар бораи симои зоҳириву охирон маълумот дар бораи шахси бедаракшуда, рақами мобилӣ ва расми рангаи онро бо худ дошта бошад”, – таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки агар бедаркашуда шаҳрванди Тоҷикистон бошад, пайвандон ва хешу ақрабои гумшуда бояд ба Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар барои мусоидат ва саривақт пайдо намудан муроҷиат намоянд.

Намояндагӣ зикр кардааст, ки агар маҳалли бедаракшавии шаҳрванд дар минтақаҳои Русия бошад, вобаста ба макони ҷойгиршавии худ шаҳрвандон метавонанд ба Консулгарии генералии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Дар баробари ин, дар Русия ташкилотҳои волонтёрӣ барои пайдо намудани шаҳрвандони бедаракшуда кӯмак менамоянд, ки наздикони бедаракшуда метавонанд вобаста ба ҷойи истиқомат муроҷиат намоянд”, – таъкид доштааст манбаъ.

Намояндагӣ ёдрас шудааст, ки дар ҳолатҳои пайдо гардидани маълумоти иловагӣ оид ба шахси бедаракшуда ва пайдо гардидани он дар ҷойи истиқомат ва ё макони муайяни пайвандон ва наздикон муроҷиаткунанда вазифадор аст, ки мақомотҳои марбутаро барои пайдо шудани шахси бедаркшуда огоҳ намояд.

Намояндагии ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода аст, ки ҳангоми ба ҷойи кор рафтан ва ё дар ҳолатҳои берун аз корӣ ҳатман бо худ доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро (патент) дошта бошанд.

Манбаъ: sputnik-tj.com