Categories
Хабарҳо

Дар ИДМ муҳоҷирони корӣ бо ҳимояи иҷтимоӣ таъмин хоҳанд шуд

Поделиться

Коршиносони кишварҳои ИДМ лоиҳаи ҳамкориро дар соҳаи суғуртаи тиббии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба мувофиқа расониданд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии кумитаи иҷроияи Иттиҳод, ин санад тибқи тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви иттиҳод пешниҳод мешавад. Масъалаҳои расонидани ёрии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар чаҳорчӯби платформаи ИДМ бо шартномаҳои байналмилалӣ танзим карда мешаванд ва охирин танҳо ба ҳалли мушкилот ва ёрии таъҷилӣ дахл дорад. Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони корӣ, ба хусус коргарони беихтисос, аксаран бо ҳимояи маҳдуди иҷтимоӣ, бидуни дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ ва дигар хидматҳо кор мекунанд. Русия тартиби ба кор қабул кардани муҳоҷиронро содда кардааст. Ин вазъият кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро водор сохт, ки лоиҳаи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаро таҳия кунанд.

Манбаъ: tj.sputniknews.ru