Categories
Хабарҳо

Дар Маскав арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2022 боло меравад

Поделиться

Аз соли 2022 арзиши патенти ҳуқуқи кор дар Маскав барои муҳоҷирони корӣ аз 5341 то 5900 рубл афзоиш хоҳад ёфт.

Аз соли 2022 дар Маскав коэффисент зиёд мешавад (аз 2,3878 то 2,4832), ки дар асоси он арзиши патент барои ҳуқуқи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ҳисоб карда мешавад, гуфт вазири ҳукумати Маскав, сардори шуъбаи сиёсати иктисодии шахр Кирилл Пуртов.

Агар дар солҳои 2020-2021 коргарони хориҷӣ барои патент 5341 рубл пардохт менамуданд, аз соли 2022 барои ин ҳуҷҷат бояд 5900 рубл пардохт кунанд.

Ҳукумати Маскав қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 маоши расмӣ дар соҳаҳои барои муҳоҷирони меҳнатӣ анъанавӣ – сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ нисбат ба соли 2020 9,5% афзоиш ёфтааст.

Дар робита ба ин, дар мақомот тасмим гирифтанд, ки индексатсияи мутаносиби арзиши патентро анҷом диҳанд. Дар ҳукумат қайд намуданд, ки ин иқдом афзоиши хароҷот барои баробар кардани сарбории андоз барои муҳоҷирон ва ҳифзи ҷойҳои корӣ дар бозори меҳнати Русия мусоидат мекунад. Даромади иловагӣ ба буҷет аз ин раванд, тақрибан 1,7 миллиард рубл (22,8 миллион доллар) ташкил карданаш эҳтимолият дорад.

Манбаъ: “Gazeta.uz”