Categories
Хабарҳо

Дар норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо пандемия гунаҳгор аст

Поделиться

«Арзиши баланди зиндагӣ дар шаҳрҳои калони Федератсияи Россия ва музди меҳнати паст ба он оварда расонд, ки маҷмааи сохтмонии Россия рақобатро барои қувваи кории хориҷӣ аз даст дод». Мудири кафедраи молияи корпоративӣ ва идоракунии корпоративии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия Константин Ордов ба хабарнигори REGNUM чунин иттилоъ дод. Ҳамин тариқ, ӯ ба хабаре, ки норасоии қувваи кори дар сохтмонҳои Москва даҳҳо ҳазор нафар мебошад, шарҳ дод.

     “Албатта, мушкилоти маҳдудияти ҳаракати муҳоҷирон ба соҳаи сохтмон таъсир расонд, аммо мушкилоти беқурбшавии рубл таваҷҷӯҳи мутахассисони хориҷиро ба кор дар Россия низ коҳиш дод”- гуфт Ордов. “Арзиши баланди зиндагӣ дар шаҳрҳои калони Россия ва маоши кам боиси он гардид, ки маҷмааи сохтмонии Россия аз рақобат барои қувваи кории хориҷӣ маҳрум гашт”.

     Аммо, тавре ки Ордов шарҳ дод, сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодӣ, корфармоён ҳамеша дар ҷустуҷӯи корманди соҳибихтисос, масъулиятнок ва бомаърифат мебошанд.  «Ин одамон маоши баландтар ва дигар имтиёзҳои мансабии худро мегиранд. Онҳо рози нестанд, ки ба шароити шубҳаноки зиндагӣ гузаранд ва ба вақти номунтазами корӣ бо музди номутаносиби кам розӣ шаванд», – шарҳ дод Ордов.

     Ёдовар мешавем, ки аз тамоми соҳаҳои иқтисоди Россия норасоии қувваи корӣ ба бахши сохтмон зарбаи сахт зад.

     Дар асоси маводҳои ОИ REGNUM ва Rambler