Categories
Хабарҳо

Дар Пенза имтиёзҳо барои муҳоҷирон ба охир мерасад

Поделиться

Дар тӯли зиёда аз як сол, бо сабаби вазъи номусоиди эпидемиологӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ доштанд, ки мӯҳлати кортҳои муҳоҷиратро тамдид накунанд ва дар се моҳи аввал онҳо низ бидуни иҷозатнома кор кунанд. Аммо, мӯҳлати фармони додани сабукиҳо ва имтиёзҳо ба поён мерасад.

“Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки то 15 июни соли 2021 вазъи ҳуқуқии худро ҳал намекунанд ва ё ихтиёран Федератсияи Россияро тарк намекунанд, чораҳо барои ихроҷ ва “депортатсия” ба кишварҳои шаҳрвандии худ андешида хоҳанд шуд”, – гуфт Сардори Раёсати назорати муҳоҷирати ВКД Россия дар вилояти Пенза Михаил Ищейкин.

Ғайр аз ин, аз ҳамон сана ба муҳоҷироне, ки қонунро вайрон кардаанд, иҷозатномаи истиқомат (ВНЖ) ва иҷозатномаҳои муваққатӣ бекор карда шуда, мӯҳлати будубоши онҳо дар қаламрави Федератсияи Россия коҳиш дода мешавад.

Дар асоси маводҳои www.penzainform.ru