Categories
Хабарҳо

Дар Русия ба шахсони бешаҳрвандӣ, додани шаҳодатномаи муваққатии 10 – соларо оғоз карданд

Поделиться

Санаи 24 августи соли ҷорӣ ба қонунгузории Федератсияи Русия тағийрот ворид карда шуд, ки тибқи он шахсони бешаҳрвандӣ дар ин кишвар метавонанд шаҳодатномаи муваққатиро соҳиб шавад.

Ҳуҷҷати мувофиқ ба шахсони бешаҳрванд барои тасдиқи шахсият ва будубоши муваққатӣ дар Русия дода мешавад. Дар сурати доштани шаҳодатнома шахсони бешаҳрванд метавонанд бидуни додани иҷозатномаи кор дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолият кунанд.

Барои гирифтани шаҳодатнома шахсони бешаҳрванд бояд шахс дар давоми 10 рӯзи корӣ ба мақоми ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия ариза пешниҳод кунанд ва соҳиби ҳуҷҷат шаванд. Шаҳодатномаи шахсият барои шахсони бешаҳрвандӣ ба муддати 10 сол дода мешавад.

Барои иваз кардани шаҳодатнома, шахси бешаҳрванд бояд на дертар аз 10 рӯзи корӣ пеш аз ба охир расидани шаҳодатномаи кӯҳна ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.

Агар шахси бешаҳрванд шаҳрвандӣ ё иҷозати зистро дар дигар давлат соҳиб шавад, шаҳодатнома бекор карда мешавад ва шахс бояд дар давоми 15 рӯз аз қаламрави Федератсияи Русия хориҷ шавад. Дар навбати худ ба ӯ шаҳодатнома дода мешавад, то ба сафорати кишвари қабулкунанда биравад.

Инчунин, дар ҳолати исбот гардидани хабари бардурӯғ ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бардурӯғи шахсият, шаҳодатномаи муваққатӣ дода намешавад ё  шаҳодатномаи қаблан додашуда бекор карда мешавад.

Аз рӯи маводҳои: Migrant media. ru